bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 12
2 Corinthians 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 13 →
1
Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд мегузарам.
2
Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш то осмони сеюм бурда шуд, — намедонам, оё дар бадан буд ё берун аз бадан, Худо медонад.
3
Ва ин шахсро мешиносам, — намедонам, оё дар бадан буд ё берун аз бадан, Худо медонад, —
4
ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони баённашаванда шунид, ки ба одамизод раво нест онҳоро ба забон оварад.
5
Аз чунин шахс фахр мекунам; лекин аз худам, ғайр аз нотавониҳоям, фахр намекунам.
6
Агар фахр кардан хоҳам ҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорӣ менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад.
7
Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулодагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои задани ман, то ки худро баланд нагирам.
8
Се бор ман аз Худованд илтимос намудам, ки он аз ман дур шавад,
9
вале ба ман гуфт: “Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро қуввати Ман дар нотавонӣ комил мешавад”. Ба ин сабаб ман бо майли бештар аз нотавониҳои худ фахр менамоям, то қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.
10
Бинобар ин ман аз нотавониҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқибот ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, хушнудам, зеро вақте ки нотавонам, он гоҳ боқувватам.
11
Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам; шумо маро маҷбур сохтед. Шумо бояд маро ситоиш менамудед, зеро ман аз он “расулони олӣ” аз ҳеҷ ҷиҳат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам.
12
Нишонаҳои расул дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломатҳо, муъҷизаҳо ва қувваҳо ба амал оварда шуданд.
13
Зеро дар чӣ шумо аз ҷамоатҳои дигар камӣ доред? Магар танҳо дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам. Ин беинсофии маро бахшед!
14
Инак, бори сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро меҷӯям. Зеро на фарзандон бояд барои падарону модарони худ захира кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон.
15
Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро медиҳам, агарчи дар ивази муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам.
16
Мегӯед, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси ҳилагар, шуморо бо фиреб ба дом даровардаам.
17
Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам?
18
Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ӯ равона кардам; магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рӯҳ ва як равиш рафтор накардем?
19
Оё боз ҳам гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо пеши рӯи Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй азизон, барои обод кардани шумост.
20
Зеро метарсам, ки дар омаданам шуморо, ончунон ки мехоҳам, наёбам, ва шумо низ маро, ончунон ки мехоҳед, наёбед; /метарсам/, ки байни шумо ҷанҷол, ҳасад, хашм, худхоҳӣ, тӯҳмат, ғайбат, ҳавобаландӣ ва бетартибӣ бошад;
21
/метарсам/, ки боз, ҳангоме оям, Худои ман маро назди шумо хор созад, ва ман азо гирам барои бисёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, фосиқӣ ва бадахлоқие ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13