bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 8
2 Corinthians 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 9 →
1
Шуморо, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба ҷамоатҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем;
2
зеро дар миёни имтиҳони бузурги сахтиҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар саховати беканорашон пурра аён шуд;
3
зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо ба андозаи қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд:
4
онҳо бо исрори зиёд аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд;
5
ва на танҳо ба тавре ки умед доштем, балки худро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва баъд ба мо, мувофиқи хости Худо;
6
бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чунон ки сар карда буд, ончунон ин кори хайрро дар миёни шумо низ ба анҷом расонад.
7
Аммо, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзун ҳастед, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзун бошед.
8
Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям.
9
Зеро файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватманд буда, барои шумо бенаво шуд, то шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватманд шавед.
10
Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ин ба шумо фоиданок аст, чунки соли гузашта на танҳо ин корро сар кардед, балки онро орзу ҳам карда будед.
11
Ва акнун корро ба охир низ расонед, то он чи бо дилгармӣ орзу мекардед, мувофиқи дороиятон анҷом ёбад.
12
Зеро, кас агар дилгармӣ дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, писанд меояд, на аз рӯи он чи ӯ надорад.
13
На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ: акнун зиёдатии шумо камии онҳоро пур мекунад,
14
то ки /баъд/ зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд,
15
чунон ки навишта шудааст: “Касе ки бисёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷамъ карда буд, камӣ надошт”.
16
Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст,
17
зеро ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сӯи шумо равона шуд.
18
Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо барои башорат сазовори таҳсин гардидааст,
19
ва ғайр аз ин, аз ҷамоатҳо интихоб шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳ шавад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва исботи дилгармии шумо ба ҷо меоварем,
20
ва эҳтиёт мекунем, ки касе дар ҳаққи мо тӯҳмате нагӯяд, оид ба ин ҳадияи фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад;
21
зеро кӯшиш мекунем кори некро на танҳо пеши Худованд, балки пеши одамон низ ба ҷо оварем.
22
Бо онҳо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисёр чизҳо борҳо санҷидаем, ва акнун аз боиси эътимоди бузурге ки ӯ ба шумо дорад, ҷидду ҷаҳдаш боз ҳам зиёд шудааст.
23
Дар бораи Титус бояд гӯям, ки ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар бораи бародаронамон бояд гӯям, ки онҳо фиристодагони ҷамоатҳо ва ҷалоли Масеҳанд.
24
Пас, муҳаббати худро, ва он фахреро, ки мо аз шумо дорем, пеши ҷамоатҳо ба онҳо исбот кунед.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13