bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 4
2 Corinthians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 5 →
1
Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;
2
аммо корҳои пинҳонии нангинро рад карда, ҳиларо ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас пеши рӯи Худо вогузор менамоем.
3
Вале, ҳатто агар Инҷили мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст,
4
барои беимонҳое ки худои ин дунё зеҳнашонро кунд кардааст, то нури Инҷили ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.
5
Зеро мо на худро, балки Масеҳ Исоро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Исо.
6
Зеро Худое ки гуфт: “Аз торикӣ нур дурахшад”, Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо дурахшид, то бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро пурнур созад.
7
Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои хокӣ дорем, то бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо.
8
Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале рӯҳафтода намешавем;
9
гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;
10
ҳамеша марги Худованд Исоро дар бадани худ бардошта мегардем, то ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад.
11
Зеро мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба марг супурда мешавем, то ҳаёти Исо низ дар ҷисми мирандаи мо зоҳир шавад.
12
Бинобар ин марг дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо.
13
Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: “Имон доштам, бинобар ин мегуфтам”, мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем,
14
чун медонем, ки Бархезонандаи Худованд Исо моро низ ба воситаи Исо бархезонда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.
15
Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад.
16
Бинобар ин ноумед намешавем, ва ҳарчанд одами зоҳирии мо фарсуда мешавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.
17
Зеро азоби сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба фаровонии беандоза ба вуҷуд меоварад,
18
ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем; зеро он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13