bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 2
2 Corinthians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 3 →
1
Ва ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз дар ғам наоям.
2
Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ғайр аз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст?
3
Ва ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бошанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост.
4
Зеро аз бисёрии андӯҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки ба шумо дорам, фаҳмед.
5
Ва агар касе сабаби ғамгинӣ шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, — то сухан бисёр нашавад, — ҳамаи шуморо ғамгин кардааст.
6
Барои чунин шахс ин танбеҳе ки аз касони бисёр дидааст, басанда аст,
7
ва акнун, баръакс, шумо ӯро бахшед ва дилбардорӣ кунед, то ки ғами аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад;
8
бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро нишон диҳед.
9
Зеро барои ҳамин низ навишта будам, то дар амал донам, ки оё шумо дар ҳар ҷиҳат фармонбардор ҳастед.
10
Ва касеро шумо бахшед, ман низ ӯро мебахшам; зеро ман низ, агар касеро дар чизе бахшида бошам, ба хотири шумо пеши рӯи Масеҳ бахшидаам,
11
то шайтон моро фирефта накунад; зеро аз ниятҳои вай бехабар нестем.
12
Ва ҳангоме ки барои башорати Инҷили Масеҳ ба Трӯос омадам, агарчи даре барои ман дар Худованд воз шуда буд,
13
барои рӯҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари худ Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайрухуш карда, ба Мақдуния равона шудам.
14
Аммо Худоро шукр, ки Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ пирӯзӣ мебахшад ва бӯи хуши дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад.
15
Зеро мо барои Худо бӯи хуши Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:
16
он барои баъзе касон бӯи марг аст, ки марг меоварад, ва барои касони дигар бӯи ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин қобил бошад?
17
Зеро мо чун дигарон нестем, ки каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими дил ва аз ҷониби Худо, дар ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан мегӯем.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13