bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 6
2 Corinthians 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 7 →
1
Мо, ки ҳамкорони Ӯ ҳастем, аз шумо хоҳиш мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.
2
Зеро Ӯ мегӯяд: “Дар вақти муносиб туро шунидам Ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам”. Инак, акнун вақти муносиб аст, инак, акнун рӯзи наҷот аст.
3
Ҳеҷ касро намеранҷонем, то хизмати мо ба таъна дучор нашавад,
4
балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо нишон медиҳем: дар сабри бисёр, дар сахтиҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,
5
дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо,
6
дар покӣ, дар дониш, дар бурдборӣ, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бе дурӯягӣ,
7
дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи росткорӣ дар дасти рост ва чап,
8
дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо ростгӯ ҳастем;
9
гӯё гумномем, лекин мо шинохта ҳастем; гӯё мирандагонем, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемурем;
10
гӯё ғамгинем, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; гӯё бенавоем, вале мо бисёр касонро сарватманд мегардонем; гӯё чизе надорем, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем.
11
Даҳони мо, эй қуринтиён, сӯи шумо кушода ва дили мо фарох шудааст.
12
Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст.
13
Дар ивази ин, — чун ба фарзандони худ мегӯям, — шумо низ бояд фарохдил бошед.
14
Зери юғи бегона бо беимонон сар хам накунед. Зеро росткорӣ бо бадкорӣ чӣ пайванде дорад? Ва нур бо торикӣ чӣ умумияте дорад?
15
Масеҳ бо балиол чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ монандие дорад?
16
Ва ибодатхонаи Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро шумо ибодатхонаи Худои зинда ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: “Андаруни онҳо сокин шуда, Дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; Ва Худои онҳо хоҳам буд, Ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд”.
17
“Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед Ва ҷудо шавед, —мегӯяд Худованд, — Ва ба чизи нопок нарасед, Ва Ман шуморо қабул хоҳам кард”;
18
“Ва Падари шумо хоҳам буд, Ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд”, —мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13