bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Corinthians 13
2 Corinthians 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
1
Бори сеюм аст, ки назди шумо меоям. “Бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот мешавад”.
2
Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, — ҳам он вақте ки бори дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло ки ғоиб ҳастам, — таъкид намудаам ва бо навиштан таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон намедиҳам.
3
Шумо далели онро меҷӯед, ки оё Масеҳ дар ман сухан меронад: Ӯ барои шумо нотавон нест, балки дар миёни шумо тавоност.
4
Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати нотавонӣ ба салиб кашида шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ нотавон ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо қуввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ мекунем.
5
Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро санҷед. Ё худро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.
6
Дар хусуси мо, умедворам, шумо хоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем.
7
Ва ба Худо дуо мекунам, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед; на ба хотири он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки ба хотири он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем.
8
Зеро мо на бар зидди ростӣ, балки /танҳо/ барои ростӣ қувват дорем.
9
Зеро шодӣ мекунем, ҳангоме ки мо нотавон ҳастем, вале шумо боқувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем.
10
Аз он сабаб ман инро дар вақти набуданам менависам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рӯи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на барои харобкорӣ, балки барои бунёдкорӣ додааст.
11
Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасаллӣ ёбед, якдил бошед, осоишро нигоҳ доред, ва Худои муҳаббат ва осоиш бо шумо хоҳад буд.
12
Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд.
13
Файзи Худованд Исои Масеҳ ва муҳаббати Худо ва мушоракати Рӯҳулқудс бо ҳамаатон бод. Омин.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13