bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 1
Hebrews 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 2 →
1
Худо, ки аз қадимулаём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони /мо/ ба воситаи пайғамбарон сухан гуфтааст,
2
дар ин рӯзҳои охирин ба мо ба воситаи Писараш сухан гуфт, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъйин намуд Ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.
3
/Писараш/, ки дурахши ҷалол ва инъикоси моҳияти Ӯ буда, Ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, Моро аз гуноҳҳо пок карда, Аз дасти рости Кибриё дар афроз нишаст.
4
Ва ба ҳамон андоза ки аз фариштаҳо бартарӣ пайдо кард, аз онҳо номи аълотаре низ мерос гирифтааст.
5
Зеро ба кадоме аз фариштаҳо /Худо/ ягон вақт гуфтааст: “Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам”? Ва боз: “Ман ба Ӯ Падар мешавам, Ва Ӯ ба Ман Писар мешавад”?
6
Ва боз ҳангоме ки нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: “Ва бигзор ҳамаи фариштаҳои Худо Ӯро парастиш кунанд”.
7
Ва дар бораи фариштаҳо мегӯяд: “Фариштаҳои Худро бодҳо мегардонад Ва ходимони Худро — алангаи оташ”.
8
Аммо дар бораи Писараш /мегӯяд/: “Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, Асои адолат асои подшоҳии Туст.
9
Росткориро дӯст дошта, Аз бадкорӣ нафрат доштаӣ. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бештар аз рафиқонат Бо равғани шодмонӣ масҳ кардааст”.
10
Ва: “Ту, эй Худованд, дар ибтидо заминро бунёд кардаӣ, Ва осмон амали дастҳои Туст.
11
Онҳо аз байн мераванд, аммо Ту пойдор мемонӣ; Ва ҳамаашон чун либосе кӯҳна мешаванд,
12
Ва чун ҷомае онҳоро мепечонӣ, Ва онҳо дигаргун мешаванд. Аммо Ту ҳамон ҳастӣ, Ва солҳои Ту тамом намешаванд”.
13
Ва ба кадоме аз фариштаҳо /Худо/ ягон вақт гуфтааст: “Аз дасти рости Ман нишин, То душманони Туро пойандози Ту созам”?
14
Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки ворисони наҷот мешаванд?
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13