bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 2
Hebrews 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 3 →
1
Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то аз он дур нашавем.
2
Зеро, агар каломе ки ба воситаи фариштаҳо гуфта шудааст, устувор буда, ҳар хато ва беитоатӣ сазои одилона меёфта бошад,
3
чӣ гуна мо мегурезем, агар ба чунин наҷоти бузург бепарвоӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шуниданд, ба мо тасдиқ карданд,
4
ва Худо низ ба воситаи аломатҳо ва муъҷизаҳо ва ҳар гуна қувваҳо ва атоҳои Рӯҳулқудс аз рӯи хости Худ ба он шаҳодат дод?
5
Зеро ҷаҳони ояндаро, ки дар бораи он сухан мегӯем, /Худо/ ба фариштаҳо мутеъ накардааст,
6
балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст: “Чист инсон, ки ӯро ба ёд оварӣ, Ё писари одам, ки ба дидори ӯ оӣ?
7
Ӯро аз фариштаҳо андак кам кардаӣ; Тоҷи ҷалол ва иззат бар сари ӯ гузоштаӣ; Ва ӯро бар амалҳои дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ;
8
Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ”. Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад;
9
балки Исоро мебинем, ки ба сабаби азоби марг аз фариштаҳо андак кам карда шуд ва /акнун/ тоҷи ҷалол ва иззат бар сар дорад; Ӯ бояд аз рӯи файзи Худо маргро барои ҳама мечашид.
10
Зеро лозим буд Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ба ҷалол расондани писарони бисёр, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи азобҳо комил гардонад.
11
Зеро ҳам Муқаддаскунанда ва ҳам муқаддасшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад,
12
ва мегӯяд: “Номи Туро ба бародаронам маълум менамоям, Дар миёни ҷамоат Туро бо суруд ситоиш мекунам”.
13
Ва боз: “Ман ба Ӯ боварӣ мекунам”. Ва боз: “Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст”.
14
Ва азбаски фарзандон дар ҷисм ва хун шарик ҳастанд, Ӯ низ ҳамчунин шарики инҳо гардид, то ба воситаи марг соҳиби қудрати маргро, яъне иблисро нобуд намояд
15
ва онҳоеро, ки аз тарси марг тамоми умр гирифтори ғуломӣ буданд, халосӣ диҳад.
16
Зеро Ӯ дар ҳақиқат на фариштаҳоро дастгирӣ кардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст.
17
Бинобар ин Ӯ бояд аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то Саркоҳини марҳаматкунанда ва бовафое дар корҳои Худо бошад, то гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,
18
зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, азоб кашидааст, ба озмудашудагон низ метавонад ёрӣ расонад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
Recommended Reading
Commentary
Hebrews Commentaries
→
Devotional
Hebrews Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→