bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 6
Hebrews 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 7 →
1
Бинобар ин, каломи ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол пеш равем ва аз нав асос нагузорем бо тавба аз амалҳои беҷон ва бо имон ба Худо,
2
бо таълимот оид ба шустушӯйҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба растохези мурдагон ва оид ба доварии абадӣ.
3
Ва инро ба ҷо оварем, агар Худо иҷозат диҳад.
4
Зеро касоне ки боре /фикрашон/ равшан шудааст, ва атои осмониро чашидаанд, ва аз Рӯҳулқудс баҳраманд гардидаанд,
5
ва каломи неки Худо ва қувваҳои давраи ояндаро чашидаанд,
6
ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз ба салиб мекашанд ва беобрӯ месозанд.
7
Зеро замине ки борҳо борони бар он меборидаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, растании фоиданоке мерӯёнад, аз Худо баракат меёбад;
8
вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва оқибати он сӯхтан аст.
9
Аммо дар хусуси шумо, эй азизон, мо дилпур ҳастем, ки дар ҳолати беҳтар ва ба наҷот пайваст мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан мегӯем.
10
Зеро Худо беинсоф нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба номи Ӯ нишон дода, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.
11
Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то умедатон комилан ҳосил шавад;
12
ва танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба воситаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд.
13
Зеро ҳангоме ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард
14
ва гуфт: “Ҳақиқатан туро бисёр баракат медиҳам ва туро хеле афзун мекунам”.
15
Ва ҳамин тавр /Иброҳим/ пас аз он ки пурсаброна интизорӣ кашид, иҷрои ваъдаро дид.
16
Зеро одамон бо он ки бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботи он аст, ки ҳама баҳси онҳо хотима ёфтааст.
17
Бинобар ин Худо, ки мехост тағйирнопазирии хости Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,
18
то бо ду чизи тағйирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеди пешниҳодшуда часпидаем, тасаллии пурзӯре бошад.
19
Он /умед/ барои ҷони мо мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва ба андаруни паси парда роҳ меёбад,
20
ки ба он ҷо Пешгузаштаи мо Исо роҳ ёфта, то абад аз рӯи мартабаи Малкисадақ Саркоҳин гардид.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13