bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 11
Hebrews 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 12 →
1
Пас, имон дилпурӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.
2
Зеро ба воситаи он қадимиён шаҳодати /нек/ пайдо кардаанд.
3
Бо имон мефаҳмем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтаанд, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадаанд.
4
Бо имон Ҳобил қурбоние беҳтар аз /қурбонии/ Қоин ба Худо тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ росткор аст, чунки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; ва бо он ӯ ҳанӯз ҳам гап мезанад, ҳарчанд мурдааст.
5
Бо имон Ҳанӯх тавре бурда шуд, ки маргро надид; ва ӯ дигар ёфт нашуд, чунки Худо ӯро бурд. Зеро пеш аз бурда шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст.
6
Аммо бе имон ба /Худо/ писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба ҷӯяндагони Худ мукофот медиҳад.
7
Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизҳое ки ҳанӯз намоён набуданд, паёми илоҳӣ ёфта, бо худотарсӣ барои наҷоти хонаводаи худ киштие сохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси росткорие гардид, ки аз имон аст.
8
Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба ҷое ки бояд мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.
9
Бо имон ӯ дар замини ваъдашуда, чун дар замини бегона, ғарибона сокин шуд, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки бо ӯ вориси ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;
10
зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору созандаи он Худост.
11
Бо имон худи Соро низ барои ҳомила шудан қувват пайдо кард ва агарчи синнаш гузашта буд, зоид; зеро Ваъдадиҳандаро бовафо донист.
12
Бинобар ин аз як нафар, он ҳам /тақрибан/ мурда, он қадар бисёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисёранд, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.
13
Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва иҷрои ваъдаҳоро надиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин ғарибу мусофиранд;
14
зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.
15
Ва агар /ватанеро/, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд;
16
аммо хоҳони /ватани/ беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст. Бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад; зеро Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
17
Бо имон Иброҳим, ҳангоме ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,
18
ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: “Насли ту аз Исҳоқ хонда мешавад”;
19
зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст ҳатто аз мурдагон бархезонад; ва /Исҳоқ/ ба таври рамзӣ аз мурдагон ба ӯ баргардонда шуд.
20
Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсавро барои оянда баракат дод.
21
Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такя намуда, саҷда кард.
22
Бо имон Юсуф, дар вақти вафоташ, берун шудани банӣ-Исроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.
23
Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд.
24
Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад,
25
ва бо қавми Худо азоб кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад,
26
ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ба мукофот назар медӯхт.
27
Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, устувор буд.
28
Бо имон ӯ Песаҳ ва пошидани хунро ба ҷо овард, то несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад.
29
Бо имон онҳо аз баҳри Сурх чун аз хушкӣ гузаштанд, вале ҳангоме ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд.
30
Бо имон деворҳои Ариҳо пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтиданд.
31
Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро бо осоиш қабул карда буд, бо беимонон ҳалок нашуд.
32
Ва боз чӣ гӯям? Зеро вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъун ва Бороқ ва Шимшун ва Ифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва пайғамбарон ҳикоят намоям,
33
ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мағлуб карданд, ростиро ба амал оварданд, иҷрои ваъдаҳоро диданд, даҳони шеронро бастанд,
34
қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз сустӣ боқувват шуданд, дар ҷанг пурзӯр гардиданд, лашкарҳои бегонаҳоро торумор карданд.
35
Занон мурдаҳои худро бархеста ёфтанд; вале дигарон шиканҷа карда шуданд ва озодиро қабул накарданд, то ба растохези беҳтаре расанд;
36
ва баъзеи дигар масхара шуданд ва тозиёна хӯрданд, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.
37
Сангсор шуданд, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфанду буз дар тан саргардон шуда, мӯҳтоҷӣ, тангӣ ва азоб кашиданд;
38
онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар ғорҳо ва шикофҳои замин овора шуда гаштанд.
39
Ва ҳамаи онҳо, ки ба воситаи имон шаҳодати нек пайдо карда буданд, иҷрои ваъдаро надиданд,
40
чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то онҳо бе мо комил нагарданд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13