bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 7
Hebrews 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 8 →
1
Зеро Малкисадақ подшоҳи Салим, коҳини Худои Таоло, ҳамон касест, ки ба пешвози Иброҳим баромад ва ӯро баракат дод, ҳангоме ки ӯ пас аз шикаст додани подшоҳон бармегашт.
2
Ва Иброҳим ба вай аз ҳар чиз даҳяк дод. Вай, аввалан, мувофиқи маънои номаш подшоҳи росткорӣ аст ва баъд подшоҳи Салим низ, яъне подшоҳи осоиш,
3
бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айём дорад, на поёни зиндагӣ, балки ба Писари Худо монанд буда, ҳамеша коҳин боқӣ мемонад.
4
Пас бинед, чӣ гуна бузург аст он кас, ки ҳатто Иброҳими нахустпадар ба вай аз ғанимати худ даҳяк дод.
5
Онҳое ки аз миёни банӣ-Левӣ коҳинӣ пайдо мекунанд, низ фармуда доранд, ки мувофиқи шариат аз қавм, аз бародарони худ даҳяк ситонанд, гарчанде ки онҳо аз камари Иброҳим ба вуҷуд омадаанд.
6
Аммо ин кас, ки аз насли /Левӣ/ набуд, аз Иброҳим даҳяк гирифт ва соҳиби ваъдаҳоро баракат дод.
7
Ва тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад.
8
Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳяк меситонанд, лекин дар он ҷо — он ки дар ҳаққи вай шаҳодат дорад, ки ӯ зинда аст.
9
Ва гуфтан мумкин аст, худи Левӣ, ки даҳяк меситонад, ба воситаи Иброҳим даҳяк дод:
10
зеро ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вақте ки Малкисадақ ба пешвози Иброҳим баромад.
11
Пас, агар камол ба воситаи коҳинии Левӣ /муяссар/ мешуд, — зеро шариат дар он /айём/ ба қавм расид, — боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре аз рӯи мартабаи Малкисадақ ба майдон ояд, ва аз рӯи мартабаи Ҳорун номида нашавад?
12
Зеро дар баробари дигаргунии коҳинӣ дигаргунии шариат низ зарур мешавад.
13
Зеро Он ки дар ҳаққи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, аз қабилаи дигаре аст, ки аз он ҳеҷ кас хизмати қурбонгоҳро ба ҷо наовардааст;
14
зеро маълум аст, ки Худованди мо аз қабилаи Яҳудо аст, ки Мусо дар бораи он оид ба коҳинӣ чизе нагуфтааст.
15
Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисадақ коҳини дигаре ба майдон ояд,
16
ки вай на мувофиқи қонуни як фармудаи ҷисмонӣ, балки аз рӯи қуввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад.
17
Зеро шаҳодат дода шудааст: “Ту коҳин ҳастӣ то абад, аз рӯи мартабаи Малкисадақ”.
18
Зеро фармудаи пештара, ба сабаби сустӣ ва бефоидагии он, бекор карда мешавад,
19
чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба воситаи он мо ба Худо наздик меоем.
20
Ва ин /умед/ бе қасам нест, — зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаанд,
21
аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст: “Худованд қасам хӯрдааст, ва афсӯс намехӯрад: Ту коҳин ҳастӣ то абад, аз рӯи мартабаи Малкисадақ”, —
22
бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд.
23
Ва он коҳинон бисёр буданд, чунки марг намегузошт, ки боқӣ монанд;
24
аммо Ӯ, ки то абад боқист, коҳинии бепоён дорад.
25
Ба ин сабаб низ метавонад пурра онҳоеро, ки ба воситаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то барои онҳо шафоат кунад.
26
Зеро мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ доштем: қуддус, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз осмонҳо болотаршуда,
27
ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, монанди он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худ, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро инро Ӯ як бор ба амал овард, ҳангоме ки Худро қурбонӣ кард.
28
Зеро шариат одамонеро, ки сустӣ доранд, коҳин таъйин мекунад, вале каломи қасам, ки пас аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил аст, /таъйин кард/.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13