bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 9
Hebrews 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 10 →
1
Пас, /аҳди/ якум дастурҳо оид ба ибодати /Худо/ дошт, ва низ макони муқаддаси заминӣ /дошт/;
2
зеро /қисми/ якуми хайма барпо шуда буд, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он “қудс” номида мешавад.
3
Ва дар паси пардаи дуюм /қисми/ хайма буд, ки “қудси қудсҳо” номида мешавад,
4
ки қурбонгоҳи тиллоӣ ва сандуқи аҳд дошт, ки ҳама ҷояш бо тилло пӯшида шуда буд, ва дар он зарфи тиллое пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва тахтасангҳои аҳд буданд,
5
ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал гап задан лозим нест.
6
Дар чунин шароит, коҳинон ба /қисми/ якуми хайма ҳамеша медароянд, то ибодати /Худоро/ ба ҷо оваранд;
7
аммо ба /қисми/ дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, /он ҳам/ бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм тақдим мекунад.
8
Рӯҳулқудс бо ин нишон медиҳад, ки то даме ки /қисми/ якуми хайма вуҷуд дорад, ҳанӯз роҳ ба макони муқаддас ошкор нашудааст.
9
Он ба монанди замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим мешаванд, ки наметавонанд виҷдони ибодаткунандаро осуда гардонанд,
10
ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна шустушӯйҳо, фақат дастурҳо оид ба ҷисм буда, то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд. Қурбонии ягонаи,,,,\ Масеҳ
11
Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва комилтаре ки бо дасти /одам/ сохта нашудааст, яъне аз ин офариниш нест,
12
ва на ба воситаи хуни нарбузҳо ва гӯсолаҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба макони муқаддас дохил шуда, халосии абадӣ пайдо кард.
13
Зеро, агар хуни нарговҳо ва нарбузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба нопокон пошида мешавад, онҳоро бо покшавии ҷисм муқаддас мекарда бошад,
14
чӣ қадар бештар хуни Масеҳ, ки ба воситаи Рӯҳи абадӣ Худро беайб ба Худо қурбонӣ намуд, виҷдони шуморо аз амалҳои беҷон пок мекунад, то Худои зиндаро ибодат намоед!
15
Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди нав аст, то пас аз марги Ӯ, ки он барои раҳоӣ аз хатоҳои замони аҳди якум воқеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии ваъдашударо пайдо кунанд.
16
Зеро, дар /ҳар/ ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст,
17
чунки васият пас аз мурдан эътиборнок аст; он, то даме ки васияткунанда зинда аст, ҳеҷ эътиборе надорад.
18
Бинобар ин /аҳди/ якум низ бе хун барпо нашудааст.
19
Зеро, пас аз он ки Мусо ҳамаи фармудаҳоро мувофиқи шариат ба тамоми қавм расонд, хуни гӯсолаҳо ва нарбузҳоро бо об ва пашми қирмизӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,
20
ва гуфт: “Ин аст хуни аҳде ки Худо ба шумо фармудааст”.
21
Ва низ бар хайма ва тамоми ашёи ибодат ҳамин тавр хун пошид.
22
Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба воситаи хун пок мешавад, ва бе рехтани хун бахшоиш нест.
23
Пас, нусхаи чизҳои осмонӣ бояд бо ин воситаҳо пок мешуд, аммо худи чизҳои осмонӣ — бо қурбониҳои хубтар аз инҳо.
24
Зеро Масеҳ на ба макони муқаддаси бо дасти /одам/ сохташуда, ки нусхаи /макони муқаддаси/ ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо назди Худо ҳозир шавад,
25
на барои он ки борҳо Худро қурбонӣ кунад, чунон ки саркоҳин ҳар сол ба макони муқаддас бо хуни дигаре медарояд;
26
вагарна Ӯ бояд аз вақти бунёдшавии ҷаҳон борҳо азоб мекашид. Аммо Ӯ акнун, дар охири давраҳо, як бор зоҳир шуд, то бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.
27
Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор муранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд,
28
ончунон Масеҳ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на барои /бартараф кардани/ гуноҳ зоҳир мешавад, балки барои наҷоти онҳое ки Ӯро интизор доранд.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13