bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 3
Hebrews 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 4 →
1
Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо Масеҳ Исо чашм дӯзед,
2
ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъйин намуд, бовафо аст, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ /бовафо/ буд.
3
Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки созандаи хона назар ба худи хона эҳтироми бештаре дорад.
4
Зеро ҳар хона созандаи худро дорад, валекин созандаи ҳама чиз Худост.
5
Ва Мусо дар тамоми хонаи Ӯ чун хизматгузор бовафо буд, то дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шаванд, шаҳодат диҳад.
6
Аммо Масеҳ бар хонаи Ӯ чун Писар аст; ва хонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то охир маҳкам нигоҳ дорем.
7
Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд: “Имрӯз агар овози Ӯро шунавед,
8
Дилҳои худро сахт накунед, Чун дар /замони/ ошӯб, Чун дар рӯзи озмоиш дар биёбон,
9
Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, Агарчи амалҳои Маро чил сол дида буданд.
10
Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам Ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, Ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд;
11
Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, Ки онҳо ба оромии Ман роҳ намеёбанд”.
12
Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили бад ва беимоне ки аз Худои зинда рӯй мегардонад, надошта бошад,
13
балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки “имрӯз” гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиреби гуноҳ /афтода/, сахтдил нашавад.
14
Зеро мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки боварии аввалаи худро то охир маҳкам нигоҳ дорем,
15
чунон ки гуфта мешавад: “Имрӯз, агар овози Ӯро шунавед, Дилҳои худро сахт накунед, Чун дар /замони/ ошӯб”.
16
Зеро онҳое ки шунида, ошӯб бардоштанд, киҳо буданд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба воситаи Мусо аз Миср берун омада буданд?
17
Ва бар киҳо Ӯ чил сол дарғазаб шуд? Оё на бар гуноҳкороне ки ҷасадҳошон дар биёбон ғалтиданд?
18
Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хӯрд, ки ба оромии Ӯ роҳ намеёбанд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карданд?
19
Ва мо мебинем, ки онҳо аз сабаби беимонӣ роҳ ёфтан натавонистанд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
Recommended Reading
Commentary
Hebrews Commentaries
→
Devotional
Hebrews Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→