bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 10
Hebrews 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 11 →
1
Зеро шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва сурати воқеии онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, тақдимкунандагонро комил гардонад.
2
Вагарна, тақдим кардани онҳоро бас мекарданд, чунки ибодаткунандагон як бор пок шуда, дигар ҳеҷ ҳисси гуноҳҳоро намедоштанд.
3
Лекин ба воситаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;
4
зеро аз имкон берун аст, ки хуни нарговҳо ва нарбузҳо гуноҳҳоро аз байн барад.
5
Бинобар ин /Масеҳ/ ба ҷаҳон омада, мегӯяд: “Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, Балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;
6
Қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ барои Ту писандида набуданд.
7
Он гоҳ гуфтам: «Инак, меоям, — Чунон ки дар лӯлаи китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — То хости Туро, эй Худо, ба ҷо оварам»”.
8
Аввал мегӯяд: “Қурбонӣ ва ҳадия ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳро, — ки мувофиқи шариат тақдим карда мешаванд, — Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуданд”;
9
баъд гуфтааст: “Инак, меоям, то хости Туро, эй Худо, ба ҷо оварам”. Ӯ якумро бекор мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд.
10
Аз рӯи ҳамин хост мо ба воситаи қурбонии якбораи бадани Исои Масеҳ муқаддас шудаем.
11
Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро аз байн баранд.
12
Аммо Ӯ барои ҳамеша як қурбониро барои гуноҳҳо тақдим намуда, аз дасти рости Худо нишаст,
13
ва пас аз ин мунтазир аст, то даме ки душманонаш пойандози Ӯ шаванд.
14
Зеро Ӯ ба воситаи як қурбонӣ муқаддасшавандагонро барои ҳамеша комил гардондааст.
15
Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро баъд аз он ки гуфта буд:
16
“Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём мебандам, Мегӯяд Худованд: Қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо мегузорам Ва дар фикри онҳо менависам”,
17
боз /мегӯяд:/ “Гуноҳҳо ва бадиҳои онҳоро Дигар ба ёд намеоварам”.
18
Ва дар он ҷое ки бахшоиши онҳо бошад, қурбонӣ барои гуноҳ дигар лозим нест.
19
Пас, эй бародарон, азбаски мо ҷуръат дорем ба макони муқаддас ба воситаи хуни Исо,
20
бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба воситаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,
21
ва азбаски мо Коҳини бузурге бар хонаи Худо дорем,
22
пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидани /хун/ аз виҷдони бад пок намуда ва бадани худро бо оби пок шуста, /ба ҳузури Худо/ наздик оем.
23
Биёед эътирофи умедро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро Ваъдадиҳанда бовафо аст;
24
ва дар фикри он бошем, ки якдигарро ба муҳаббат ва корҳои нек барангезонем,
25
ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро одат шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба андозаи он ки наздик шудани он рӯзро мебинед.
26
Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, дидаву дониста гуноҳ кунем, дигар қурбоние барои гуноҳҳо боқӣ намемонад,
27
балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки душманони /Худоро/ ба коми худ мекашад.
28
Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси /баёноти/ ду ё се шоҳид бе марҳамат кушта мешуд,
29
/пас,/ ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар мешавад шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва хуни аҳдро, ки аз он муқаддас шудааст, ҳаром мешуморад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?
30
Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: “Қасос аз они Ман аст, Ман сазо медиҳам, мегӯяд Худованд”. Ва боз: “Худованд қавми Худро доварӣ мекунад”.
31
Ба дасти Худои зинда афтодан даҳшатангез аст!
32
Ва рӯзҳои пештараро ба хотир оваред, ки шумо, пас аз равшан шудани /фикратон/, дар муборизаҳои азим ба азобҳо тоқат кардед,
33
дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни хориҳо ва душвориҳо ба тамошогоҳе барои дигарон табдил меёфтед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд.
34
Зеро ба ман дар занҷирҳоям ҳамдардӣ изҳор мекардед, ва низ тороҷи молҳои худро бо шодӣ қабул мекардед, чун медонистед, ки дар осмон молу мулки беҳтар ва поянда доред.
35
Пас умеди худро напартоед, ки мукофоти бузурге дорад.
36
Зеро ба шумо сабр лозим аст, то хости Худоро ба ҷо оварда, иҷрои ваъдаро бинед.
37
Зеро пас аз андаке Он Меомада меояд ва дер намекунад.
38
“Вале росткор бо имон зиндагӣ мекунад”; ва: “Агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман аз вай хушнуд намешавад”.
39
Вале мо аз касоне нестем, ки рӯй мегардонанд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз онҳое ҳастем, ки имон доранд ва ҳаёт меёбанд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13