bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 4
Hebrews 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 5 →
1
Пас, модоме ки ваъдаи роҳ ёфтан ба оромии Ӯ боқист, биёед тарс дошта бошем, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо ноком шудааст.
2
Зеро хушхабар ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо каломи мавъиза ба онҳо фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.
3
Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромӣ роҳ меёбем, чунон ки Ӯ гуфтааст: “Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, Ки онҳо ба оромии Ман роҳ намеёбанд”, агарчи корҳои Ӯ аз вақти бунёдшавии ҷаҳон анҷом ёфта буданд.
4
Зеро дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфтааст: “Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гирифт”.
5
Ва боз дар ин ҷо: “Онҳо ба оромии Ман роҳ намеёбанд”.
6
Пас, азбаски баъзе касон имконият доранд ба он роҳ ёбанд, ва онҳое ки хушхабар барояшон пештар мавъиза карда шуд, аз сабаби беитоатӣ роҳ наёфтанд,
7
боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд “имрӯз” мегӯяд, чунон ки гуфта шудааст: “Имрӯз, агар овози Ӯро шунавед, дилҳои худро сахт накунед”.
8
Зеро, агар Юшаъ ба онҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан гуфта намешуд.
9
Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.
10
Зеро, касе ки ба оромии Ӯ роҳ ёфтааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.
11
Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ роҳ ёбем, мабодо касе аз он беитоатӣ ибрат гирифта, фурӯ ғалтад.
12
Зеро каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, пайвандҳо ва мағзи устухон рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.
13
Ва ҳеҷ офаридае нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот медиҳем.
14
Пас, азбаски Саркоҳини бузурге дорем, ки аз осмонҳо гузаштааст, яъне Исои Писари Худо, биёед эътирофи худро устувор нигоҳ дорем.
15
Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар сустиҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо дар ҳама чиз озмуда шуд, ғайр аз гуноҳ.
16
Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то марҳамат ба даст оварем ва барои ёрии саривақтӣ файз ёбем.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
Recommended Reading
Commentary
Hebrews Commentaries
→
Devotional
Hebrews Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→