bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 5
Hebrews 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 6 →
1
Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то барои гуноҳҳо ҳадияҳо ва қурбониҳо тақдим кунад,
2
ки вай метавонад ба нодонон ва гумроҳон ғамхорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори сустӣ аст,
3
ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.
4
Ва ҳеҷ кас худаш ин мартабаро соҳиб намешавад, балки аз ҷониби Худо даъват мешавад, чунон ки Ҳорун низ.
5
Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст: “Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам”;
6
чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд: “Ту коҳин ҳастӣ то абад, аз рӯи мартабаи Малкисадақ”.
7
Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз марг наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва зорӣ намуд, ва ба хотири худоҷӯии Ӯ /дуояш/ шунида шуд.
8
Агарчи Писар буд, бо азобе ки кашид, итоатро омӯхт,
9
ва камол ёфта, барои ҳамаи фармонбардорони Худ сабабгори наҷоти абадӣ гардид,
10
ва Худо Ӯро Саркоҳине аз рӯи мартабаи Малкисадақ ном гузошт.
11
Дар ин бора суханони бисёр дорем, лекин фаҳмондани онҳо душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудаанд.
12
Зеро дар давоми ин вақт бояд муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт.
13
Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи росткорӣ бехабар аст, чунки кӯдак аст;
14
вале ғизои сахт барои калонсолон аст, ки ҳисҳояшон ба воситаи машқ ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудаанд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13