bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 13
Hebrews 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
1
Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад.
2
Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ба воситаи он баъзе касон надониста фариштаҳоро меҳмон кардаанд.
3
Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё шумо низ бо онҳо бандӣ бошед, ва ситамкашонро, чунон ки худатон бо онҳо як бадан мебошед.
4
Бигзор заношӯӣ дар назари ҳама муҳтарам бошад, ва ҷойхоби он беайб; фосиқон ва зинокоронро Худо доварӣ мекунад.
5
Рафторатон аз пулпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро Худи Ӯ гуфтааст: “Аз ту даст намекашам ва туро тарк намекунам”.
6
Бинобар ин мо метавонем далерона гӯем: “Худованд мададгори ман аст, пас, наметарсам; Одамизод ба ман чӣ метавонад кунад?”
7
Роҳбарони худро, ки каломи Худоро ба шумо гуфтаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.
8
Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад ҳамон аст.
9
Бо таълимотҳои гуногун ва бегона аз роҳ берун нашавед; зеро хуб аст, ки дил бо файз устувор гардад, на бо хӯрокҳое ки аз онҳо касоне ки мехӯрданд, фоидае надидаанд.
10
Мо қурбонгоҳе дорем, ки хизматгузорони хайма ҳақ надоранд чизе аз он хӯранд.
11
Зеро ҷасадҳои ҳайвонҳое ки хунашонро саркоҳин ба хотири гуноҳ ба макони муқаддас меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонда мешаванд.
12
Бинобар ин Исо низ берун аз дарвоза азоб кашид, то қавмро бо хуни Худ муқаддас гардонад.
13
Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;
14
зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.
15
Пас, ҳамеша ба воситаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим намоем, яъне самари лабҳоеро, ки ба номи Ӯ ҳамду сано мехонанд.
16
Инчунин некӯкорӣ ва кушодадастиро аз хотир набароред, зеро ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меоянд.
17
Ба роҳбарони худ итоаткор ва фармонбардор бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадоранд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ин барои шумо фоиданок нест.
18
Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро дилпур ҳастем, ки виҷдони нек дорем, чунки аз ҳар ҷиҳат мехоҳем сарбаландона рафтор кунем.
19
Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки зудтар назди шумо баргардонда шавам.
20
Ва Худои осоиш, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон — Худованди мо Исоро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд,
21
бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои хости Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба воситаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.
22
Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ба шумо мухтасар навиштаам.
23
Донед, ки бародар Тимотиюс озод шуд; агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо меоям.
24
Ба ҳамаи роҳбарони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Онҳое ки аз Италия ҳастанд, ба шумо салом мерасонанд.
25
Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13