bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 8
Hebrews 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 9 →
1
Пас, дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ /ин аст/: мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ аз дасти рости тахти Кибриё дар осмон нишастааст,
2
/ва/ ходими макони муқаддас, яъне хаймаи ҳақиқӣ, /мебошад/, ки онро Худованд барпо кардааст, ва на одамизод.
3
Зеро ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъйин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.
4
Пас, агар Ӯ бар замин мебуд, коҳин ҳам намебуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки аз рӯи шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд.
5
Онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ ибодат мекунанд, чунон ки ба Мусо аз ҷониби Худо гуфта шуда буд, ҳангоме ки ӯ мехост хаймаро созад: “Бохабар бош”, гуфта шудааст, “то ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ”.
6
Аммо акнун Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ Миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.
7
Зеро, агар он /аҳди/ якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.
8
Зеро /Худо/ нуқсон ёфта, ба онҳо мегӯяд: “Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, Ки Ман бо хонадони Исроил Ва бо хонадони Яҳудо аҳди нав мебандам,
9
На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам Дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, То онҳоро аз замини Миср берун оварам; Чунки онҳо дар аҳди Ман пойдор набуданд, Ва Ман аз онҳо рӯ гардондам, мегӯяд Худованд.
10
Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил Пас аз он айём мебандам, мегӯяд Худованд: Қонунҳои Худро дар фикри онҳо мегузорам Ва дар дилҳои онҳо менависам, Ва Худои онҳо мешавам, Ва онҳо қавми Ман мешаванд.
11
Ва касе ҳамшаҳрии худро, ва касе бародари худро Дигар таълим намедиҳад Ва намегӯяд: Худовандро бишинос; Чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро мешиносанд;
12
Чунки ба ноинсофиҳои онҳо раҳм мекунам Ва гуноҳҳо ва бадиҳои онҳоро дигар ба ёд намеоварам”.
13
Бо гуфтани “аҳди нав” Ӯ кӯҳна шудани /аҳди/ якумро нишон дод; ва он чи кӯҳна ва қадим аст, ба нестшавӣ наздик аст.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13