bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Hebrews 12
Hebrews 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 13 →
1
Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон-давон тай кунем
2
ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони /мо/, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ барои шодие ки Ӯро дар пеш буд, хориро ночиз шумурда, ба салиб тоб овард ва ба тарафи рости тахти Худо нишаст.
3
Пас, дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин зиддият тоб овард, то дилхунук ва хаста нашавед.
4
Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилат накардаед
5
ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардед: “Эй писарам! Ҷазои Худовандро хор нашумор, Ва ҳангоме ки Ӯ туро сарзаниш менамояд, дилхунук нашав;
6
Зеро Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медиҳад; Ҳар писарро, ки қабул мекунад, мезанад”.
7
Сахтиҳое ки аз сар мегузаронед, барои ҷазо мебошанд; Худо бо шумо чун бо писарон рафтор мекунад. Зеро оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад?
8
Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насиби ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон.
9
Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар фармонбардор бошем, то ки зиндагӣ кунем?
10
Зеро онҳо моро ба салоҳдиди худ барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо анҷом медиҳад, то дар қудсияти Ӯ шарик бошем.
11
Ва ҳар ҷазо ҳозир /ба назари кас/ на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи росткориро меоварад.
12
Пас, “дастҳои беқувват ва зонуҳои сустро боз устувор намоед”
13
ва “барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед”, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки бештар шифо ёбад.
14
Дар пайи осоиш бо ҳама бошед ва муқаддасиро хоҳон бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро намебинад;
15
ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, зарар расонад, ва бисёр касон аз он палид шаванд;
16
мабодо фосиқе ё чун Эсав худобехабаре ёфт шавад, ки барои як хӯрок нахустзодагии худро фурӯхт.
17
Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: фикри /падарро/ дигаргун карда натавонист, ҳарчанд дар ин хусус ашк рехта илтимос намуд.
18
Зеро шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва бо оташ афрӯхта аст, ба тирагӣ ва торикӣ ва тунбод,
19
ё ба садои карнай ва овози суханон, ки шунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад,
20
зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки фармуда шуда буд: “Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ расад, сангсор шавад”.
21
Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: “Ман тарсону ларзон шудам”.
22
Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои зинда, /яъне/ Уршалими осмонӣ, ва ба анҷумани пуртантанаи ҳазорон ҳазор фариштаҳо
23
ва ба ҷамоати нахустзодагоне ки номҳошон дар осмон навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба рӯҳҳои росткороне ки комил шудаанд,
24
ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди нав аст, ва ба хуни пошиданӣ, ки назар ба /хуни/ Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.
25
Бохабар бошед, ки аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро агар онҳое ки бар замин ба сухангӯи илоҳӣ гӯш наандохтанд, /аз ҷазо/ раҳо нашудаанд, пас хусусан мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо намешавем.
26
Дар он вақт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло ваъда додааст: “Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза меандозам”.
27
Ибораи “боз як бори дигар” маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтанд, ҳамчун чизҳои офаридашуда, дигаргун мешаванд, то чизҳое ки ба ларза намеафтанд, боқӣ монанд.
28
Пас подшоҳиеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро нигоҳ дорем; бо он Худоро ба таври писандида бо эҳтиром ва тарс ибодат мекунем,
29
чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13