bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 1
Exodus 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 2 →
1
Ва ин аст номҳои банӣ‐Исроил, ки ба Миср омаданд, ҳар яке бо аҳли байти худ ҳамроҳи Яъқуб омаданд.
2
Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо,
3
Иссокор, Забулун ва Биньёмин,
4
Дон ва Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.
5
Ва тамоми нуфусе ки аз камари Яъқуб ба вуҷуд омаданд, ҳафтод нафар буданд; ва Юсуф дар Миср буд.
6
Ва Юсуф ва ҳамаи бародаронаш ва тамоми он насл мурданд.
7
Ва банӣ‐Исроил борвар шуданд ва афзоиш ёфтанд, ва сершумор ва ниҳоятдараҷа пурзӯр гардиданд; ва замин аз онҳо пур шуд.
8
Ва подшоҳи наве бар Миср бархост, ки Юсуфро намешинохт,
9
Ва ба қавми худ гуфт: «Инак, қавми банӣ‐Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд.
10
Биеёд, ба зидди онҳо тадбири пурҳикмате биандешем, то ки афзоиш наёбанд; вагар на, вақте ки ҷанге ба вуқӯъ ояд, онҳо низ ба душманони мо ҳамроҳ шуда, ба муқобили мо ҷанг хоҳанд кард, ва аз мамлакат берун хоҳанд рафт».
11
Ва саркорони меҳнати маҷбуриро бар онҳо таъин карданд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд; ва онҳо барои фиръавн шаҳрҳои захираҳо — Фитум ва Раамсисро бино карданд.
12
Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд, ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегардиданд, ба тавре ки мисриён аз банӣ‐Исроил бим доштанд,
13
Ва банӣ‐Исроилро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд.
14
Ва зиндагонии онҳоро бо меҳнати сахти гилкорӣ ва хиштрезӣ ва бо ҳар кори саҳро талх мегардониданд; ҳар навъ кори худро ба гардани онҳо бо зулму зӯрӣ бор мекарданд.
15
Ва подшоҳи Миср ба дояҳои ибрӣ, ки номи яке Шифро ва номи дигаре Фуо буд, амр фармуда,
16
Гуфт: «Вақте ки занони ибриро мезоёнед, ба сангҳои зоёниш нигоҳ кунед: агар писар бошад, ӯро бикушед, ва агар духтар бошад, — бигзор зинда монад».
17
Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.
18
Ва подшоҳи Миср дояҳоро хонда, ба онҳо гуфт: «Чаро ин корро кардед, ва писаронро зинда гузоштед?»
19
Ва дояҳо ба фиръавн гуфтанд: «Занони ибрӣ, охир, мисли занони мисрӣ нестанд, балки бақувватанд, ва пеш аз он ки доя назди онҳо биёяд, мезоянд».
20
Ва Худо ба дояҳо марҳамат кард; ва қавм афзоиш ёфта, бағоят пурзӯр гардиданд.
21
Ва азбаски дояҳо аз Худо тарсиданд, Ӯ барояшон аҳли байт ба вуҷуд овард.
22
Ва фиръавн ба тамоми қавми худ амр фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд ёбад, ба наҳр андозед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40