bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 20
Exodus 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 21 →
1
Ва Худо ин суханонро ба забон ронда, гуфт:
2
«Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.
3
Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.
4
Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.
5
Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;
6
Ва то ҳазорон насл, ба онҳое ки Маро дӯст медоранд ва аҳкоми Маро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунам.
7
Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.
8
Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ.
9
Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар;
10
Вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, худат ва писарат, ва духтарат, ва ғуломат, ва канизат, ва чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни дарвозаҳои туст.
11
Зеро ки дар шаш рӯз Худованд осмон ва замин, ва баҳр, ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; бинобар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро тақдис намуд.
12
Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.
13
Қатл накун.
14
Зино накун.
15
Дуздӣ накун.
16
Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надеҳ.
17
Хонаи ёри худро тамаъ накун; зани ёрат, ва ғуломаш, ва канизаш, ва говаш, ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун».
18
Ва чун тамоми қавм раъдҳо, ва забонаҳои оташ, ва садои шох, ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, паснокӣ рафтанд, ва аз дур истоданд.
19
Ва ба Мусо гуфтанд: «Ту бо мо сухан бигӯ, ва мо хоҳем шунид, вале Худо бо мо сухан нагӯяд, мабодо бимирем».
20
Ва Мусо ба қавм гуфт: «Натарсед, зеро ки Худо барои озмудани шумо омадааст, то ки тарси Ӯ пеши рӯи шумо бошад, ва шумо гуноҳ накунед».
21
Ва қавм аз дур истоданд, ва Мусо сӯи меғ, ки Худо дар он ҷо буд, наздик омад.
22
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Шумо дидед, ки Ман аз осмон ба шумо сухан рондам.
23
Бо Ман худоёни нуқра насозед, ва худоёни тилло барои худ насозед.
24
Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод.
25
Ва агар қурбонгоҳи сангин барои Ман бисозӣ, онро аз сангҳои тарошида бино накун; зеро ки агар афзоли худро ба он бирасонӣ, онро палид хоҳӣ кард.
26
Ва бар қурбонгоҳи Ман бо зинапоя набаро, то ки аврати ту бар он яла нашавад“».
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40