bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 22
Exodus 22
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 23 →
1
Агар касе гове ё гӯсфанде бидуздад, ва онро бикушад ё бифрӯшад, — бояд дар ивази гов панҷ гов, ва дар ивази гӯсфанд чор гӯсфанд бидиҳад.
2
Агар дуздеро шабона дар вақти рахна карданаш дида, тавре занандаш, ки вай бимирад, — барои вай гуноҳи хунрезӣ нахоҳад буд.
3
Аммо агар бар вай офтоб тулӯъ карда бошад, — барои вай гуноҳи хун ҳаст, вай бояд албатта товон бидиҳад; агар вай чизе надошта бошад, вай бояд барои талофии дуздиаш фурӯхта шавад.
4
Агар чизи дуздидаи вай, аз гов то хар ва гӯсфанд, дар дасташ зинда ёфт шавад, — вай бояд дучанд товон бидиҳад.
5
Агар касе киштзоре ё токзореро талаф кунонида бошад, яъне чорпоёни худро сар дода, киштзори каси дигарро нобуд карда бошад, — вай бояд беҳтарин киштзори худ ва беҳтарин токзори худро барои товони он бидиҳад.
6
Агар оташе баромада, хорҳоро фаро гирад, ва бандҳои ғалла ё хӯшаҳои нодаравида ё киштзорро бисӯзонад, — ҳар кӣ ин сӯхторро ба вуҷуд оварда бошад, бояд албатта товонашро бидиҳад.
7
Агар касе нуқра ё колоеро назди ёри худ амонат бимонад, ва амонаташ аз хонаи он шахс дуздида шавад, — агар дузд ёфт шавад, вай бояд дучанд товон бидиҳад;
8
Аммо агар дузд ёфт нашавад, — бигзор соҳиби хона назди доварон оварда шавад, то қасаме ёд кунад, ки ба моликияти ёри худ даст дароз накардааст.
9
Дар ҳар масъалаи ҷанҷолӣ оид ба гов, хар, гӯсфанд, либос ва ҳар чизи гумшуда, ки касе даъвои он дошта бошад, кори ҳар ду бояд назди доварон оварда шавад; ҳар киро доварон айбдор кунанд, вай бояд ба ёри худ дучанд товон бидиҳад.
10
Агар касе назди ёри худ харе, ё гове, ё гӯсфанде ва ё ҳар чорпои дигарро амонат бимонад, ва он бимирад, ё пояш бишканад, ё дузде онро бибарад, ба тавре ки шоҳид набошад, —
11
Бигзор қасами Худованд дар миёни ҳар ду ба кор бурда шавад дар бораи он ки дасти худро ба моликияти ёри худ дароз накардааст; ва соҳибаш бояд қабул кунад, ва он кас товон надиҳад.
12
Вале агар аз ӯ дуздида шавад, ӯ бояд ба соҳибаш товон бидиҳад.
13
Агар дарида шавад, бояд онро барои исбот кардан биёрад; барои даридашуда товон нахоҳад дод.
14
Ва агар касе аз ёри худ ҳайвонеро ба орият бигирад, ва он маиб шавад ё бимирад, дар сурате ки соҳибаш бо он набошад, — он кас бояд албатта товон бидиҳад.
15
Агар соҳибаш бо он бошад, — товон нахоҳад дод; агар он киро карда шуда бошад, — товонаш ба киропулӣ дохил шудааст.
16
Ва агар касе дӯшизаеро, ки номзад нашудааст, фирефта намуда, бо вай бихуспад, — ӯ бояд маҳр дода, варо барои худ ба занӣ бигирад.
17
Агар падари вай розӣ нашавад, ки варо ба ӯ бидиҳад, — ӯ бояд баробари маҳри дӯшизагон нуқра бидиҳад.
18
Ҷодугарро зинда намон.
19
Ҳар кӣ бо ҳайвоне алоқаи ҷинси кунад, — бояд албатта кушта шавад.
20
Касе ки барои худоён, ҷуз Худованди ягона, қурбонӣ кунад, — бояд маҳв карда шавад.
21
Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.
22
Ҳеҷ як бевазан ва ятимро азият надиҳед.
23
Агар ӯро азият диҳӣ, ва ӯ сӯи Ман нола кунад, — Ман нолаи ӯро хоҳам шунид,
24
Ва хашми Ман аланга хоҳад зад, ва Ман шуморо бо шамшер хоҳам кушт, ва занони шумо бева, ва фарзандони шумо ятим хоҳанд шуд.
25
Агар ба камбағале аз миёни қавми Ман, ки ҳамсояи ту бошад, пул қарз диҳӣ, — ба вай мисли қарзхоҳ рафтор накун: суде ба гардани вай бор накун.
26
Агар либоси ёри худро ба гарав гирӣ, то вақти ғуруби офтоб онро ба вай баргардон,
27
Зеро ки он ягона пӯшоки вай аст, либосе барои бадани вай аст; пас, вай чӣ пӯшида хоб равад? Ва агар вай сӯи Ман нола кунад, — Ман хоҳам шунид, зеро ки Ман карим ҳастам.
28
Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй.
29
Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ.
30
Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ.
31
Ва барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд, ва гӯштеро, ки дар саҳро дарида шудааст, нахӯред; онро назди сагон бипартоед.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40