bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 10
Exodus 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 11 →
1
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн бирав, зеро ки Ман дили ӯ ва дили навкаронашро сахт кардаам, барои он ки аломоти Худро дар миёни онҳо зоҳир намоям,
2
Ва барои он ки ту он чиро, ки Ман дар Миср ба амал овардам, ва аломотеро, ки дар миёни онҳо зоҳир намудам, ба гӯши писарат ва писари писарат ҳикоят кунӣ, то бидонед, ки Ман Худованд ҳастам».
3
Ва Мусо ва Ҳорун назди фиръавн омада, ба вай гуфтанд: «Худованд, Худои ибриён чунин мегӯяд: „То ба кай аз гардан фуровардан ба ҳузури Ман рӯй мегардонӣ? Қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.
4
Зеро, агар ту аз равона кардани қавми Ман рӯй гардонӣ, инак, Ман фардо ба ҳудуди ту малах меоварам,
5
Ва рӯи заминро тавре хоҳад пӯшонид, ки кас заминро натавонад бубинад; ва бақияи он чиро, ки аз жола раҳо шуда, барои шумо саломат мондааст, хоҳад хӯрд, ва ҳар дарахтеро, ки барои шумо сабзидааст, аз саҳро хоҳад хӯрд.
6
Ва хонаҳои ту ва хонаҳои ҳамаи навкаронат ва хонаҳои ҳамаи мисриёнро пур хоҳад кард, — ба тавре ки падаронат ва падарони падаронат аз рӯзе ки бар замин вуҷуд доранд, то имрӯз надидаанд“». Ва ӯ пушт гардонида, аз пеши фиръавн баромад.
7
Ва навкарони фиръавн ба вай гуфтанд: «То ба кай ин одам барои мо санги роҳ бошад? Ин одамонро равона кун, то ки Худованд Худои худро ибодат намоянд; магар ҳанӯз ту надонистаӣ, ки Миср ба ҳалокат мерасад»?
8
Ва Мусо ва Ҳорунро назди фиръавн баргардониданд, ва вай ба онҳо гуфт: «Биравед, Худованд Худои худро ибодат намоед; пас, кист ва кист, ки равона мешавад?»
9
Ва Мусо гуфт: «Бо ҷавонон ва пирони худ хоҳем рафт, бо писарон ва духтарони худ, бо гӯсфандон ва говони худ хоҳем рафт, зеро ки иди Худованд аст барои мо».
10
Вай ба онҳо гуфт: «Бигзор Худованд бо шумо ончунон бошад, чунон ки ман шуморо бо кӯдаконатон равона кунам! Барҳазар бошед, зеро ки бадӣ шуморо дар пеш аст!
11
Чунин нахоҳад шуд! Фақат шумо, мардон, биравед ва Худовандро ибодат намоед, зеро ки шумо инро хоҳон будед». Ва онҳоро аз пеши фиръавн бадар ронданд.
12
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро бар замини Миср барои малах дароз кун, то ки он бар замини Миср баромада, тамоми набототи заминро, ки аз жола боқӣ мондааст, бихӯрад».
13
Ва Мусо асои худро бар замини Миср дароз кард, ва Худованд тамоми он рӯз ва тамоми шаб боди шарқиро бар замин вазонид; вақте ки субҳ дамид, боди шарқӣ малахро овард.
14
Ва малах бар тамоми замини Миср баромада, дар тамоми ҳудуди Миср қарор гирифт, ки он бағоят бисьёр буд; пеш аз он чунин малах набуд, ва баъд аз он чунин нахоҳад буд.
15
Ва рӯи тамоми заминро пӯшонид, ва замин торик шуд, ва тамоми набототи замин ва тамоми меваи дарахтонро, ки аз жола боқӣ монда буд, хӯрд; ва ҳеҷ сабзае бар дарахтон ва бар набототи саҳро дар тамоми замини Миср боқӣ намонд.
16
Ва фиръавн шитобон Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Пеши Худованд Худои шумо ва пеши шумо гуноҳ кардаам;
17
Ва алҳол, лутфан, ҳамин дафъа ҳам гуноҳи маро афв кунед, ва сӯи Худованд Худои худ дуо гӯед, то ки фақат ин маргро аз ман дур созад».
18
Ва аз пеши фиръавн берун омада, сӯи Худованд дуо гуфт.
19
Ва Худованд боди ғарбии бағоят сахте ба вуҷуд овард, ки малахро бардошта бурда, ба баҳри Қулзум андохт; дар тамоми ҳудуди Миср як адад ҳам малах намонд.
20
Вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро равона накард.
21
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро сӯи осмон дароз кун, то ки бар замини Миср торикӣ ба вуҷуд ояд, торикие ки онро ламс кардан мумкин бошад».
22
Ва Мусо дасти худро сӯи осмон дароз кард, ва дар тамоми замини Миср торикии ғализе се рӯз ба миён омад.
23
Якдигарро намедиданд, ва касе аз ҷои худ се рӯз барнахост; валекин барои банӣ‐Исроил дар масканҳошон рӯшноӣ буд.
24
Ва фиръавн Мусоро даъват намуда, гуфт: «Биравед ва Худовандро ибодат намоед, фақат рамаҳои гӯсфандон ва говони шумо бимонад, кӯдакони шумо низ бо шумо бираванд».
25
Вале Мусо гуфт: «Ту низ ба дасти мо қурбониҳои саломатӣ ва қурбониҳои сӯхтанӣ бидеҳ, то ки барои Худованд Худои худ тақдим кунем.
26
Чорвои мо низ бо мо хоҳад рафт, як суме боқӣ нахоҳад монд, зеро ки аз он бояд барои ибодати Худованд Худои худ бигирем, ва мо то ба он ҷо нарасем, нахоҳем донист, ки бо чӣ чиз Худовандро ибодат намоем».
27
Ва Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай нахост онҳоро равона кунад.
28
Ва фиръавн ба ӯ гуфт: «Аз пеши ман бирав! Барҳазар бош, ки рӯи маро дигар набинӣ, зеро дар рӯзе ки рӯи маро бубинӣ, хоҳӣ мурд».
29
Ва Мусо гуфт: «Дуруст гуфтӣ; рӯи туро дигар нахоҳам дид».
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40