bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 21
Exodus 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 22 →
1
«Ва ин аст фароизе ки ба онҳо пешниҳод хоҳӣ кард:
2
Агар ғуломи ибрӣ бихарӣ, бигзор ӯ шаш сол кор кунад, ва дар соли ҳафтум муфт ба озодӣ барояд.
3
Агар ӯ танҳо омада бошад, бигзор танҳо барояд; агар соҳиби зан бошад, бигзор занаш бо ӯ барояд.
4
Агар оғояш зане ба ӯ дода бошад, ва вай барои ӯ писарон ё духтарон зоида бошад, бигзор зан ва бачагонаш назди оғои ӯ бимонанд, ва ӯ танҳо барояд.
5
Вале агар он ғулом гӯяд: „Оғои худ, занам ва бачагонамро дӯст медорам, намехоҳам ба озодӣ бароям“, —
6
Бигзор оғояш ӯро назди худоён биёрад, ва ӯро ба дар ё ба паҳлударӣ наздик оварад, ва оғояш гӯши ӯро бо бигиз сӯрох кунад, ва ӯ якумрӣ ғуломи вай хоҳад буд.
7
Ва агар касе духтари худро ба канизӣ бифрӯшад, вай мисли баромадани ғуломон наметавонад барояд.
8
Агар вай ба назари оғояш, ки варо барои худ номзад карда буд, писанд наомада бошад, бигзор ӯ имконият диҳад, ки барои вай фидия диҳанд; аммо ӯ ҳақ надорад, ки варо ба қавми бегонае бифрӯшад, дар сурате ки худаш дар ҳаққи вай хиёнат кардааст.
9
Ва агар ӯ варо барои писари худ номзад кунад, бигзор нисбат ба вай мувофиқи ҳуқуқи духтарон рафтор намояд.
10
Агар ӯ зани дигаре барои худ гирад, набояд зани аввалро аз хӯрок, либос ва ҳуқуқи заношӯӣ маҳрум кунад.
11
Ва агар ин се тадбирро барои вай наандешад, бигзор вай муфт, бе фидия барояд.
12
Ҳар кӣ касеро бизанад, ва он кас бимирад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.
13
Вале агар вай қасдан амал накарда бошад, балки Худо он касро зери дасти вай рост оварда бошад, — Ман маконе барои ту муқаррар хоҳам кард, то ки вай ба он ҷо бигрезад.
14
Ва агар шахсе ба ёри худ қасд карда бошад, ки варо бо роҳи фиреб бикушад, — варо аз пеши қурбонгоҳи Ман гирифта, ба қатл бирасон.
15
Ва ҳар кӣ падар ё модари худро бизанад, бигзор вай маҳқуми қатл гардад.
16
Ва ҳар кӣ касеро дуздида бифрӯшад, ё ӯ дар дасташ ёфт шавад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.
17
Ва ҳар кӣ падар ё модари худро таҳқир намояд, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.
18
Ва агар одамон хархаша карда, яке дигареро бо санг ё бо мушт бизанад, ва ӯ намирад, балки бемори бистарӣ шавад, —
19
Агар ӯ бархезад ва бо асо дар кӯча роҳ равад, он гоҳ шахсе ки ӯро задааст, аз ҷазо фориғ хоҳад буд; аммо вай бояд талофии бекории ӯро бидиҳад ва харҷи табобаташро адо намояд.
20
Ва агар шахсе ғуломи худ ё канизи худро бо таёқе бизанад, ва ӯ зери дасти вай якбора бимирад, — вай бояд махкуми интиқом гардад.
21
Вале агар ӯ як‐ду рӯз зинда монад, — набояд вай маҳкуми интиқом гардад, зеро ки ӯ зархариди вай аст.
22
Ва агар одамон дастбагиребон шаванд, ва зани ҳомиладорро бизананд, ва ӯ бача афтонад, вале зарари дигаре ба ӯ нарасад, — айбдор бо ҷаримае ҷазо дода мешавад, вақте ки шавҳари зан онро аз вай талаб кунад, ва онро вай бояд мувофиҳи ҳукми доварон адо намояд.
23
Ва агар зараре ба ӯ расад, он гоҳ ҷон дар ивази ҷон бидеҳ,
24
Чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, пой дар ивази пой,
25
Сӯзониш дар ивази сӯзониш, ҷароҳат дар ивази ҷароҳат, лат дар ивази лат.
26
Ва агар касе чашми ғуломи худ ё чашми канизи худро бизанад, ва онро маиб кунад, — бигзор варо дар ивази чашмаш озод карда фиристад.
27
Ва агар дандони ғуломи худ ё дандони канизи худро зада ғалтонад, — бигзор варо дар ивази дандонаш озод карда фиристад.
28
Ва агар гове мард ё занро шох занад, ва ӯ бимирад, — он говро бояд сангсор кунанд ва гӯшташро нахӯранд; вале соҳиби гов айбдор нест.
29
Ва агар гов дирӯз ва парирӯз ҳам шохзан бошад, ва соҳибаш аз ин огоҳӣ ёфт, вале онро саришта накард, ва он марде ё занеро кушт, — бигзор говро сангсор кунанд, ва низ соҳибашро ба қатл расонанд.
30
Агар бар вай фидия гузошта шавад, бигзор вай фидияи ҷони худро, ҳар қадар ки бар вай гузошта шуда бошад, адо намояд.
31
Агар писаре ё духтареро шох зада бошад, мувофиқи ҳамин фариза бояд ба вай амал кунанд.
32
Агар гов ғуломе ё канизеро шох занад, — сӣ сиқл нуқра ба оғои ӯ бояд дода шавад, ва гов сангсор карда шавад.
33
Агар касе чоҳеро кушояд, ё касе чоҳе канад, ва онро напӯшонад, ва гове ё харе дар он афтад —
34
Соҳиби чоҳ бояд товони онро адо намояд, яъне ба соҳиби он нуқра бидиҳад, ва лоша аз они ӯ хоҳад буд.
35
Ва агар гови касе гови ёри ӯро шох занад, ва он бимирад, — бигзор гови зиндаро фурӯхта, пулашро тақсим кунанд; ва низ гови мурдаро тақсим кунанд.
36
Ё агар маълум шуда бошад, ки он гов дирӯз ва парирӯз ҳам шохзан буд, вале соҳибаш онро саришта накард, — ӯ бояд гове дар ивази гов бидиҳад, ва гови мурда аз они ӯ хоҳад буд.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40