bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 27
Exodus 27
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 28 →
1
Ва қурбонгоҳе аз чӯби ақоқиё бисоз, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне қурбонгоҳи мураббаъ бошад; ва қадаш се зироъ.
2
Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он бисоз, ба тавре ки шохҳояш аз худи он бошад; ва онро бо мис бипӯшон.
3
Ва тосҳояшро барои баровардани хокистараш, ва хокандозҳояш ва косаҳояш ва чанголҳояш ва маҷмарҳояшро бисоз; тамоми колояшро аз мис бисоз.
4
Ва барояш панҷарае аз мис ба сурати шабака бисоз, ва бар он шабака чор ҳалқаи мисин, бар чор гӯшааш, бисоз.
5
Ва онро зери канораи қурбонгоҳ аз поён бимон, ба тавре ки шабака то нисфи қурбонгоҳ бошад.
6
Ва дастакҳо барои қурбонгоҳ бисоз, дастакҳо аз чӯби ақоқиё бошад, ва онҳоро бо мис бипӯшон.
7
Ва дастакҳояшро ба ҳалқаҳо бигзаронанд; ва дастакҳо дар ҳар ду паҳлуи қурбонгоҳ бошад, вақте ки онро бардоранд.
8
Онро аз тахтаҳо дарунхолӣ бисоз; бигзор ончунон, ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозанд.
9
Ва саҳни масканро бисоз; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳо барои саҳн аз катони нозуки дутоба бошад, дарозии онҳо ба як тараф сад зироъ бошад.
10
Ва сутунҳояш бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра бошад.
11
Ва ҳамчунин ба дарозии тарафи шимолӣ пардаҳо сад зироъ дарозӣ дошта бошад, ва сутунҳои он бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра бошад.
12
Ва ба фарохии саҳн ба тарафи ғарбӣ пардаҳо панҷоҳ зироъ бошад; сутунҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад.
13
Ва фарохии саҳн ба тарафи офтоббарои шарқӣ панҷоҳ зироъ бошад.
14
Ва пардаҳои як паҳлуи дарвоза понздаҳ зироъ; сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.
15
Ва пардаҳои паҳлуи дигари он понздаҳ зироъ; сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.
16
Ва барои дарвозаи саҳн бист зироъ парда аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ бошад; сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад.
17
Ҳамаи сутунҳои саҳн гирдогирд бо бандҳои нуқрагин пайваст буда, илмакҳошон аз нуқра, ва пояҳошон аз мис бошад.
18
Дарозии саҳн сад зироъ, ва фарохияш панҷоҳ зироъ дар муқобили панҷоҳ зироъ, ва қадаш панҷ зироъ, ва пардаҳояш аз катони нозуки дутоба, ва пояҳои сутунҳояш аз мис бошад.
19
Тамоми колои маскан барои ҳар хизматаш, ва ҳамаи мехҳояш ва ҳамаи мехҳои саҳн аз мис бошад.
20
Ва ту ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ назди ту биёранд, то ки чароғҳо доимо афрӯхта шавад.
21
Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ‐Исроил хоҳад буд.
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40