bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 2
Exodus 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 3 →
1
Ва касе аз хонадони Левӣ рафта, духтари левизодаро ба занӣ гирифт.
2
Ва он зан ҳомила шуда, писаре зоид; ва чун ӯро дид, ки зеботалъат аст, ӯро се моҳ пинҳон дошт.
3
Вале натавонист дигар ӯро пинҳон дорад, сабаде аз қамиш барои ӯ гирифт, ва онро бо қир ва зифт андовид, ва бачаро дар он монд, ва онро дар қамишзори лаби наҳр гузошт.
4
Ва хоҳари ӯ аз дур истод, то бидонад, ки ҳоли ӯ чӣ мешавад.
5
Ва духтари фиръавн барои шустушӯй ба наҳр фурӯд омад, ва канизонаш дар соҳили наҳр мегаштанд; вай сабадро андаруни қамишзор дида, канизи худро фиристод, то ки онро бигирад.
6
Ва онро кушода, бачаро дид, ва инак, кӯдак гирья мекард; ва раҳмаш ба ӯ омада, гуфт: «Ин аз бачаҳои ибриён аст».
7
Ва хоҳари ӯ ба духтари фиръавн гуфт: «Оё рафта, зани ширдореро аз занони ибриён назди ту бихонам, то ки бачаро барои ту шир диҳад?»
8
Ва духтари фиръавн ба вай гуфт: «Бирав». Ва он дӯшиза рафта, модари бачаро хонд.
9
Ва духтари фиръавн ба ӯ гуфт: «Ин бачаро бибар, ва ӯро барои ман бимакон, ва ман муздатро хоҳам дод». Ва он зан бачаро гирифта, маконид.
10
Ва бача калон шуд, ва ӯро ба духтари фиръавн овард, ва ӯ барои вай писар шуд; ва ӯро Мусо ном монда, гуфт: «Зеро ки ӯро аз даруни об баровардаам».
11
Ва дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Мусо калон шуда, назди бародарони худ берун омад, ва корҳои сахти онҳоро мушоҳида намуд; ва марди мисриеро дид, ки марди ибриро, ки аз бародарони ӯ буд, мезанад.
12
Ва ба ҳар тараф назар андохт, ва чун дид, ки касе нест, он мисриро кушта, дар рег пинҳон кард.
13
Ва рӯзи дигар берун омад, ва инак, ду марди ибрӣ ҷидол мекунанд, ва ӯ ба шарир гуфт: «Чаро ёри худро мезанӣ?»
14
Вай гуфт: «Кист, ки туро бар мо сардор ва довар таъин намудааст? Оё ту қасд дорӣ маро бикушӣ, чунон ки он мисриро куштӣ?» Ва Мусо тарсид ва дар дили худ гуфт: «Яқин аст, ки он ҳодиса маълум шудааст».
15
Ва фиръавн ин ҳодисаро шунида, мехост Мусоро ба қатл расонад; ва Мусо аз пеши фиръавн гурехта, дар замини Мидьён маскан гирифт, ва назди чоҳе биншаст.
16
Ва коҳини Мидьён ҳафт духтар дошт; ва онхо омаданд, ва об кашида, тағораҳоро пур карданд, то ки рамаи падари худро об диҳанд.
17
Ва чӯпонон омада, онҳоро ҳай карданд; ва Мусо бархоста, онҳоро муҳофизат намуд, ва рамаи онҳоро об дод.
18
Ва онҳо назди падари худ Рауил омаданд; ва ӯ гуфт: «Чӣ тавр шумо имрӯз бо зудӣ омадед?»
19
Ва онҳо гуфтанд: «Марди мисрие моро аз дасти чӯпонон раҳо кард, ва низ барои мо об кашида, рамаро об дод».
20
Ва ӯ ба духтаронаш гуфт: «Пас, вай куҷост? Чаро он мардро тарк кардед? Варо бихонед, то ки нон хӯрад».
21
Ва Мусо розӣ шуд, ки назди он мард маскан гирад; ва ӯ духтари худ Сифӯраро ба Мусо дод.
22
Вай писаре зоид, ва ӯ номашро Ҷершӯн монд, зеро ки гуфт: «Дар замини бегона ғариб будам».
23
Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз айёми зиёде подшоҳи Миср мурд, ва банӣ‐Исроил аз кори сахт оҳу воҳ карда, фиғон кашиданд, ва истиғосаи онҳо аз кори сахт сӯи Худо баромад.
24
Ва Худо нолаи онҳоро шунид, ва Худо аҳди Худро, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба ёд овард.
25
Ва Худо ба ҳоли банӣ‐Исроил назар андохт, ва Худо ғамхорӣ намуд.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40