bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 35
Exodus 35
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 34
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 36 →
1
Ва Мусо тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Ин аст суханоне ки Худованд амр фармудааст, ки онҳоро ба амал оваред:
2
Шаш рӯз кор кунед, ва рӯзи ҳафтум, ки шанбеи оромии комили Худованд аст, барои шумо муқаддас хоҳад буд; ҳар кӣ дар он кор кунад, кушта хоҳад шуд.
3
Дар ҳамаи масканҳои худ дар рӯзи шанбе оташ барнаафрӯзед».
4
Ва Мусо ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфт: «Ин аст сухане ки Худованд амр фармуда, гуфтааст:
5
Аз ҷониби худ ҳадияе барои Худованд бигиред; ҳар касе ки дилаш моил аст, бигзор ҳадияи Худовандро биёрад: тилло, ва нуқра, ва мис,
6
Ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз,
7
Ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс, ва чӯби ақоқиё,
8
Ва равған барои чароғҳо, ва атриёт барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар,
9
Ва сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва барои синабанд.
10
Ва ҳамаи донодилоне ки дар миёни шумо ҳастанд, бигзор омада, он чиро, ки Худованд амр фармудааст, ба амал оваранд:
11
Маскан, хаймааш ва болопӯшаш, чангакҳояш ва тахтаҳояш, ғалақаҳояш, сутунҳояш ва пояҳояш,
12
Сандуқ ва дастакҳояш, сарпӯш ва пардаи ҷудокунанда,
13
Миз ва дастакҳояш ва тамоми колояш, ва нони тақдим,
14
Ва чароғдон барои рӯшноӣ, ва колояш, ва чароғҳояш, ва равған барои рӯшноӣ,
15
Ва қурбонгоҳи бухур ва дастакҳояш, ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар, ва пардаи дар барои даромадгоҳи маскан,
16
Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва панҷараи мисинаш, дастакҳояш ва тамоми асбобаш, ва лаган ва пояаш,
17
Пардаҳои саҳн, сутунҳояш ва пояҳои онҳо, ва пардаи дарвозаи саҳн,
18
Мехҳои маскан, ва мехҳои саҳн, ва танобҳои онҳо,
19
Либоси хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс, либоси муқаддас барои Ҳоруни коҳин ва либоси писаронаш барои каҳонат».
20
Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз пеши Мусо баромаданд.
21
Ва ҳар касе ки дилаш моил буд, ва ҳар касе ки рӯҳаш ӯро далолат менамуд, омада, ҳадияи Худовандро барои кори хаймаи ҷомеъ, ва барои тамоми хизмати он, ва барои либосҳои муқаддас меоварданд.
22
Ва мардон бо ҳамроҳии занон, ҳар касе ки дилаш моил буд, ҳалқаҳои бинӣ ва гӯш, ва ангуштарин ва гарданбанд, ҳар навъ колои тилло меоварданд, ҳар касе ки мехост пешкаши тилло барои Худованд биёрад.
23
Ва ҳар касе ки лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз, ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс дошт, онро меовард.
24
Ҳар касе ки мехост нуқра ва мис ҳадия кунад, онро ҳамчун ҳадияи Худованд меовард; ва ҳар касе ки чӯби ақоқиё барои ҳар эҳтиёҷоти хизмат дошт, онро меовард.
25
Ва ҳар зани донодиле ки бо дастҳои худ мересид, ресмони лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз ва катони нозукро меовард.
26
Ва ҳамаи заноне ки дилашон ба ҳикмат моил буд, пашми бузро мересиданд.
27
Ва раисон сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва синабанд меоварданд,
28
Ва атриёт ва равған барои рӯшноӣ ва барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар.
29
Ҳамаи мардон ва занони банӣ‐Исроил, ки дилашон моил буд барои ҳар коре биёранд, ки ба ҷо овардани онро Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ҳадияи ихтиёрӣ барои Худованд меоварданд.
30
Ва Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт: «Диққат намоед, ки Худованд Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳурро аз сибти Яҳудо бо ном хондааст,
31
Ва ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардааст,
32
То ки санъатҳоро омӯхта, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад,
33
Ва сангҳоро барои мурассаъкорӣ ҳак намояд, ва чӯбтарош гардида, ҳар кори нафисро ба ҷо оварад;
34
Ва қобилияти таълимдиҳиро ба дили ӯ бахшидааст, — ба дили ӯ ва Оҳолиоб ибни Аҳисомок аз сибти Дон;
35
Ва Ӯ онҳоро аз ҳикмати дил пур кардааст, то ки амали ҳар ҳаккок, ва зарбоф, ва гулдӯзи матои лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозук, ва нассоҷро ба ҷо оваранд, яъне иҷрокунандагони ҳар амал ва санъаткорони бомаҳорат бошанд.
← Chapter 34
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 36 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40