bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 38
Exodus 38
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 37
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 39 →
1
Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне мураббаъ буд; ва қадаш се зироъ.
2
Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он сохт, ба тавре ки шохҳояш аз худи он буд; ва онро бо мис пӯшонид.
3
Ва тамоми колои қурбонгоҳ: тосҳо ва хокандозҳо ва косаҳо ва чанголҳо ва маҷмарҳоро сохт; тамоми колояшро аз мис сохт.
4
Ва барои қурбонгоҳ панҷарае аз мис ба сурати шабака сохта, зери канораи он аз поён то нисфи он гузошт.
5
Ва чор ҳалқа бар чор гӯшаи панҷараи мисин ҳамчун хонаҳо барои дастакҳо рехт.
6
Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо мис пӯшонид.
7
Ва дастакҳоро ба ҳалқахое ки бар паҳлуҳои қурбонгоҳ буд, гузаронид, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд; онро аз тахтаҳо дарунхолӣ сохт.
8
Ва лагани мисин сохт, ки пояаш низ мисин буд, аз оинаҳои заноне ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ мешуданд.
9
Ва саҳнро сохт; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳои саҳн аз катони нозуки дутоба ба дарозии сад зироъ буд;
10
Сутунҳои онҳо бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра буд.
11
Ва ба тарафи шимолӣ сад зироъ; сутунҳошон бист адад, ва пояҳошон бист адад аз мис буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра буд.
12
Ва ба тарафи ғарбӣ — пардаҳо панҷоҳ зироъ; сутунҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра буд.
13
Ва ба тарафи офтоббарои шаркӣ — панҷоҳ зироъ.
14
Пардаҳо барои як паҳлу понздаҳ зироъ, сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад буд.
15
Ва барои паҳлуи дуюм, аз ин тараф ва аз он тарафи дарвозаи саҳн, пардаҳо понздаҳ зироъ, сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад буд.
16
Ҳамаи пардаҳои саҳн гирдогирд аз катони нозуки дутоба буд.
17
Ва пояҳои сутунҳо аз мис, илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра, ва пӯшиши сарҳошон аз нуқра буд, ва ҳамаи сутунҳои саҳн бо бандҳои нуқра пайваст карда шуда буд.
18
Ва пардаи дарвозаи саҳн бо санъати гулдӯзӣ аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохта шуда буд; ва дарозияш бист зироъ, ва қадаш ба фарохии панҷ зироъ мувофиқи пардаҳои саҳн буд.
19
Ва сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад аз мис буд; илмакҳошон аз нуқра, ва пӯшиши сарҳошон ва бандҳошон аз нуқра буд.
20
Ва ҳамаи мехҳои маскан ва саҳн гирдогирд аз мис буд.
21
Ин аст ҳисоботи маскан, маскани шаҳодат, ки бо амри Мусо, бо хизмати левизодагон, зери назорати Итомор ибни Ҳоруни коҳин тартиб дода шудааст.
22
Ва Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳур, аз сибти Яҳудо, ҳар он чиро, ки Худо ба Мусо амр фармуда буд, сохт.
23
Ва бо ӯ Оҳолиоб ибни Аҳисомок, аз сибти Дон буд, ки вай ҳаккок ва зарбоф ва гулдӯз бар лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба буд.
24
Тамоми тиллое ки дар тамоми кори қудс ба кор бурда шуд, яъне тиллои инъом, бисту нӯҳ киккар ва ҳафтсаду сӣ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.
25
Ва нуқраи саршумории ҷамоат сад киккар ва ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.
26
Як беқаъ аз ҳар сар, яъне ним сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас, аз ҳар нафаре ки аз саршуморӣ гузаштааст, аз синни бистсола ва болотар, ки ҷамъ шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.
27
Ва сад киккар нуқра барои рехтани пояҳои қудс ва пояҳои парда сарф шуд, — сад поя аз сад киккар, як киккар барои як поя.
28
Ва аз ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл илмакҳо барои сутунҳо сохт, ва сарҳои онҳоро пӯшонид, ва бандҳо барои онҳо сохт.
29
Ва миси инъом ҳафтод киккар ва ду ҳазору чорсад сиқл буд.
30
Ва аз он пояҳои даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳи мисин, ва панҷараи мисини он, ва тамоми колои қурбонгоҳро сохт,
31
Ва пояҳои гирдогирди саҳн, ва пояҳои дарвозаи саҳн, ва ҳамаи мехҳои маскан, ва ҳамаи мехҳои гирдогирди саҳнро сохт.
← Chapter 37
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 39 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40