bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 30
Exodus 30
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 31 →
1
Ва қурбонгоҳе барои сӯзонидани бухур бисоз; онро аз чӯби ақоқиё бисоз.
2
Дарозияш як зироъ ва фарохияш як зироъ, яъне мураббаъ бошад, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш бошад.
3
Ва онро бо тиллои холис бипӯшон, — бомаш ва деворҳояшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд бисоз.
4
Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бисоз, — бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш бисоз; ва онҳо хонаҳои дастакҳо бошад, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.
5
Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон.
6
Ва онро пеши пардае ки назди сандуқи шаҳодат аст, ҷойгир кун, яъне ба рӯи сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат аст, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд.
7
Ва Ҳорун бухури муаттар бар он хоҳад сӯзонид; ҳар субҳ, вақте ки чароғҳоро ба тартиб меоварад, онро хоҳад сӯзонид.
8
Ва ҳангоме ки Ҳорун чароғҳоро дар шомгоҳ бармеафрӯзад, онро хоҳад сӯзонид; ин бухури доимӣ ба ҳузури Худованд дар наслҳои шумо хоҳад буд.
9
Ҳеҷ бухури дигаре ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордӣ бар он тақдим накунед; ва ҳадияи рехтанӣ бар он нарезед.
10
Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».
11
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
12
«Вақте ки саршумори банӣ‐Исроилро бар тибқи онҳое ки дар шумор оварда шудаанд, пайдо мекунӣ, бигзор ҳар кас фидияи ҷони худро, ҳангоми шумурда шуданашон, ба Худованд бидиҳад, то ки ба онҳо, ҳангоми шумурда шуданашон, вабое рӯй надиҳад.
13
Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, бояд ин фидияро бидиҳад: ним сиқл бо сиқли муқаддас, ки як сиқл аз бист геро иборат аст; ним сиқл ҳадияи Худованд аст.
14
Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, аз синни бистсола ва болотар, бояд ҳадияи Худовандро бидиҳад.
15
Сарватдор аз ним сиқл зиёд надиҳад, ва камбағал аз он кам надиҳад, вақте ки ҳадияи Худовандро барои кафорати ҷонҳои худ адо мекунед.
16
Ва нуқраи кафоратро аз банӣ‐Исроил бигир, ва онро барои хизмати хаймаи чомеъ бидеҳ; ва ин барои банӣ‐Исроил ёдгорӣ ба ҳузури Худованд, барои кафорати ҷонҳои шумо хоҳад буд».
17
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
18
«Ва лагани мисин барои шустушӯ бисоз, ки пояаш мисин бошад; ва онро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез.
19
Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он бишӯянд:
20
Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ меоянд, бо об шустушӯ кунанд, то ки намиранд; ё вақте ки барои хизмат кардан ва сӯзонидани қурбонии оташин барои Худованд ба қурбонгоҳ наздик мешаванд,
21
Бигзор дастҳо ва пойҳои худро бишӯянд, то ки намиранд. Ва ин барои онҳо, яъне барои ӯ ва зурьёташ дар наслҳои онҳо, фаризаи абадӣ хоҳад буд».
22
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
23
«Ва ту атриёти беҳтарине бигир: аз мурри чакида панҷсад мисқол, ва аз дорчини хушбӯй ба қадри нисфи он, яъне дусаду панҷоҳ мисқол, ва аз наи атрогин дусаду панҷоҳ мисқол,
24
Ва пӯсти дарахти хушбӯй панҷсад мисқол, ва равғани зайтун як ҳин.
25
Ва аз инҳо равғани тадҳини муқаддас бисоз, атре ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда бошад; ин равғани тадҳини муқаддас хоҳад буд.
26
Ва хаймаи ҷомеъ ва сандуқи шаҳодатро бо он тадҳин намо,
27
Ва мизро бо тамоми колои он, ва чароғдонро бо тамоми колои он, ва қурбонгоҳи бухурро,
28
Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колои он, ва лаганро бо пояи он.
29
Ва онҳоро тақдис намо, ва онҳо қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба онҳо бирасад, муқаддас хоҳад гардид.
30
Ва Ҳорун ва писаронашро тадҳин бикун, ва онҳоро тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.
31
Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Ин барои Ман равғани тадҳини муқаддас дар наслҳои шумо хоҳад буд.
32
Ва он бар бадани ҳар одам набояд рехта шавад, ва мувофиқи таркибаш чизе мисли он насозед; он муқаддас аст, ва барои шумо муқаддас хоҳад буд.
33
Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд“».
34
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ атриёт, чунончи: нотоф, шҳелет ва ҳелбано бигир, ва лебӯнои пок низ, ки вазнаш баробари ин атриёт бошад.
35
Ва аз онҳо бухур бисоз, атре ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда бошад, намакин, пок, муқаддас бошад.
36
Ва аз он як қадар бикӯб, ва онро пеши сандуқи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд, бимон; ин барои шумо қудси қудсҳо хоҳад буд.
37
Ва ин бухуре ки ту месозӣ, мувофиқи таркиби он барои худ насозед; бигзор он назди ту барои Худованд муқаддас бошад.
38
Ҳар кӣ мисли он барои бӯидан бисозад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».
← Chapter 29
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 31 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40