bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 5
Exodus 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 6 →
1
Ва баъд аз ин Мусо ва Ҳорун омада, ба фиръавн гуфтанд: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Қавми Маро равона кун, то ки барои Ман дар биёбон ид кунанд“».
2
Ва фиръавн гуфт: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам? Худовандро намешиносам, ва Исроилро низ равона нахоҳам кард».
3
Ва онҳо гуфтанд: «Худои ибриён ба мо зоҳир шудааст; пас мо бояд роҳи серӯзаро дар биёбон тай намуда, барои Худованд Худои худ қурбонӣ кунем, мабодо моро Ӯ бо вабо ё бо шамшер зарба занад».
4
Ва подшоҳи Миср ба онҳо гуфт: «Чаро шумо, эй Мусо ва Ҳорун, қавмро аз корҳошон бозмедоред? Ба корубори худ биравед».
5
Ва фиръавн гуфт: «Инак, алҳол қавми мамлакат сершуморанд, ва шумо онҳоро аз корҳошон бозмедоред».
6
Ва фиръавн дар он рӯз ба корфармоёни қавм ва ба нозирони онҳо амр фармуда, гуфт:
7
«Минбаъд ба қавм барои хиштрезӣ, мисли пештара, коҳ надиҳед; бигзор худашон рафта, барои худ коҳ ҷамъ кунанд.
8
Ва ҳамон миқдори хиштҳоро, ки онҳо пештар мерехтанд, ба гардани онҳо бор кунед, онро ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед, зеро ки онҳо танбаланд, бинобар ин дод зада мегӯянд: „Биравем, то ки барои Худои худ қурбонӣ кунем“.
9
Бигзор меҳнати ин одамон сахттар шавад, то ки бо он банд шуда, барои суханони бекора фурсат наёбанд».
10
Ва корфармоёни қавм ва нозирони онҳо берун омаданд, ва ба қавм сухан ронда, гуфтанд: «Фиръавн чунин мегӯяд: „Ба шумо коҳ намедиҳам;
11
Худатон рафта, коҳ барои худ аз ҳар ҷо, ки биёбед, бигиред; ва аз кори шумо чизе кам нахоҳад шуд“».
12
Ва қавм дар тамоми замини Миср пароканда шуданд, то ки ба ҷои коҳ хасу хошок ҷамъ кунанд.
13
Ва корфармоён шитоб кунонида, мегуфтанд: «Корҳои худро ба миқдори ҳаррӯза, мисли он замоне ки коҳ буд, иҷро кунед».
14
Ва нозиронеро, ки аз банӣ‐Исроил бар онҳо корфармоёни фиръавн таъин карда буданд, мезаданд ва мегуфтанд: «Чаро миқдори хиштрезии худро ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз мисли пештара иҷро накардед?»
15
Ва нозирони банӣ‐Исроил омаданд, ва назди фиръавн шикоят карда, гуфтанд: «Чаро ба бандагонат чунин рафтор мекунӣ?
16
Коҳ ба бандагонат намедиҳанд, вале ба мо мегӯянд: „Хишт бирезед!“ Ва инак, бандагонатро мезананд, ва ин гуноҳи қавми туст».
17
Ва ӯ гуфт: «Шумо танбал ҳастед, танбал; бинобар ин шумо мегӯед: „Биравем, то ки барои Худованд қурбонӣ кунем“;
18
Ва алҳол рафта, кор кунед! Ва коҳ ба шумо дода нахоҳад шуд, ва миқдори хиштҳоро хоҳед дод».
19
Ва нозирони банӣ‐Исроил худро гирифтори мусибат диданд, чунки фиръавн гуфт: «Аз миқдори ҳаррӯзаи хиштҳои худ ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед».
20
Ва ҳангоме ки аз пеши фиръавн берун омаданд, бо Мусо ва Ҳорун вохӯрданд, ки дар рӯ ба рӯяшон истода буданд.
21
Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бубинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва навкаронаш нафратангез гардонида, шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».
22
Ва Мусо сӯи Худованд руҷӯъ намуда, гуфт: «Худовандо, чаро ин қавмро гирифтори мусибат кардӣ? Барои чӣ маро фиристодӣ?
23
Зеро аз вақте ки ман назди фиръавн омадам, то ки аз исми Ту сухан ронам, муносибати вай ба ин қавм бадтар шудааст, валекин Ту қавми Худро раҳо накардӣ».
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40