bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 37
Exodus 37
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 38 →
1
Ва Басалъил сандуқе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.
2
Ва онро аз дарун ва аз берун бо тиллои холис пӯшонид, ва барои он гирдогирд афсари тилло сохт.
3
Ва барои он, бар чор гӯшаи он чор ҳалқаи тилло рехт: ду ҳалқа бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқа бар паҳлуи дигараш.
4
Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло пӯшонид.
5
Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намуд, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад.
6
Ва сарпӯше аз тиллои холис сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ буд.
7
Ва ду каррубӣ аз тилло сохт; онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш сохт.
8
Як каррубиро аз ин канор, ва каррубии дигарро аз он канор сохт; каррубиёнро аз худи сарпӯш бар ду канори он сохт.
9
Ва каррубиён болҳоро дар боло паҳн карда, сарпӯшро бо болҳои худ мепӯшониданд, ва рӯйҳошон сӯи якдигар буд; рӯйҳои каррубиён сӯи сарпӯш буд.
10
Ва мизе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш ду зироъ, ва фарохияш як зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.
11
Ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва гирдогирдаш афсари тилло сохт.
12
Ва ҳошияе гирдогирди он ба андозаи як қабза сохт, ва афсари тилло гирдогирди ҳошияи он сохт.
13
Ва чор ҳалқаи тилло барои он сохт; ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи чор почаи он барқарор намуд.
14
Ҳалқаҳо ба баландии ҳошия мувофиқ буда, ҳамчун хонаҳои дастакҳо барои бардоштани миз хизмат мекард.
15
Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид, то ки барои бардоштани миз хизмат кунад.
16
Ва колоеро, ки бар миз бояд бошад, яъне табақҳои он, ва қошуқҳои он, ва тосҳои он, ва пиёлаҳои онро, ки ҳадияи рехтаниро ба воситаи онҳо мерезанд, аз тиллои холис сохт.
17
Ва чароғдоне аз тиллои холис сохт; чароғдонро яклухт сохт, ба тавре ки поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он аз худи он буд.
18
Ва шаш шоха аз паҳлуҳои он берун меомад: се шохаи чароғдон аз як паҳлуяш, ва се шохаи чароғдон аз паҳлуи Дигараш.
19
Се қуббаи монанди гули бодом дар як шоха бо ғунча ва гул буд, ва се қуббаи монанди гули бодом дар шохаи дигар, бо ғунча ва гул; ҳамчунин дар шаш шохае ки аз чароғдон берун меомад.
20
Ва дар пояи чароғдон чор қуббаи монанди гули бодом бо ғунчаҳо ва гулҳои он буд.
21
Ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, — барои шаш шохае ки аз он берун меомад.
22
Ғунчаҳояш ва шохаҳояш аз худи он буданд, он куллиятан яклухт аз тиллои холис буд.
23
Ва ҳафт чароғаш ва анбӯрҳояш, ва маҷмарҳояшро аз тиллои холис сохт.
24
Онро бо тамоми колои он аз як киккар тиллои холис сохт.
25
Ва қурбонгоҳи бухурро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш як зироъ, ва фарохияш як зироъ, яъне мураббаъ буд, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш буд.
26
Ва онро бо тиллои холис пӯшонид: бомаш ва деворҳояшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд сохт.
27
Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш сохт, ҳамчун хонаҳои дастакҳо сохт, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.
28
Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.
29
Ва равғани тадҳини муқаддас, ва бухури муаттари пок сохт, ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда буд.
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 38 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40