bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 29
Exodus 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 30 →
1
Ва ин аст он чи ту бояд барои тақдис кардани онҳо ба амал оварӣ, то ки ба Ман каҳонат намоянд: як гӯсолаи нар ва ду қӯчқори беайб бигир,
2
Ва нони фатир, ва қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки ба равған молидашуда; онҳоро аз орди нарми гандум бипаз.
3
Ва онҳоро дар як сабад бимон, ва онҳоро дар сабад тақдис намо, ва гӯсола ва ду қӯчқорро низ.
4
Ва Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.
5
Ва либосҳоро бигир, ва Ҳорунро бо пероҳан, ва ридои эфӯд, ва эфӯд ва синабанд ороста намо, ва бо тасман эфӯд камарашро бибанд.
6
Ва аммомаро бар сараш бипӯшон, ва афсари муқаддасро бар аммома бимон.
7
Ва равғани тадҳинро гирифта, бар сараш бирез, ва ӯро тадҳин намо.
8
Ва писаронашро наздик оварда, пероҳанҳоро ба онҳо бипӯшон.
9
Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.
10
Ва гӯсоларо назди хаймаи ҷомеъ тақдим намо, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳошонро бар сари гӯсола хоҳанд гузошт.
11
Ва гӯсоларо ба хузури Худованд назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ забҳ намо.
12
Ва аз хуни гӯсола гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ бо ангуштонат бипош; ва тамоми хунро бар бунёди қурбонгоҳ бирез.
13
Ва тамоми чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаеро, ки бар ҷигар аст, ва ду гурдаро бо чарбуе ки бар онҳост, гирифта, бар қурбонгоҳ бисӯзон.
14
Вале гӯшти гӯсола ва пӯсташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ бисӯзон; ин қурбонии гуноҳ аст.
15
Ва як қӯчқорро бигир, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор бимонанд.
16
Ва қӯчқорро забҳ намо, ва хунашро гирифта, бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.
17
Ва қӯчқорро ба андомҳояш пора кун, ва амъояш ва почаҳояшро шустушӯ намо, ва онҳоро бар андомҳояш ва бар сараш бимон.
18
Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд аст.
19
Ва қӯчқори дуюмро бигир, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор бимонанд.
20
Ва қӯчқорро забҳ намо, ва аз хуни он гирифта, бар нармаи гӯши рости Ҳорун ва бар нармаи гӯши рости писаронаш, ва бар нарангушти дасти росташон, ва бар нарангушти пои росташон бимол; ва хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.
21
Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либосашон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либосашон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.
22
Ва аз қӯчқор чарбу ва дунбаро, ва чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаи ҷигар, ва ду гурда, ва чарбуеро, ки бар онҳост, ва соқи ростро бигир, зеро ки ин қӯчқори гумоштанӣ мебошад,
23
Ва низ як гирда нон, ва як қурс нони равғанин, ва як нончаи тунук аз сабади нони фатир, ки ба ҳузури Худованд аст, бигир,
24
Ва ҳамаашро бар дастҳои Ҳорун ва бар дастҳои писарони ӯ бимон, ва инро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд чунбонида‐ҷунбонида биёр.
25
Ва инро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бисӯзон, то ки атри гуворо ба ҳузури Худованд бошад, чунки ин қурбонии оташин барои Худованд аст.
26
Ва синаи қӯчқори гумоштаниро, ки барои Ҳорун аст, бигир, ва онро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд ҷунбонида‐ҷунбонида биёр; ва ин ҳиссаи ту хоҳад буд.
27
Ва синаи ҷунбонидашуда ва соқи баланд бардошташударо, ки аз қӯчқори гумоштании Ҳорун ва писаронаш ҷунбонида ва баланд бардошта шуд, тақдис намо.
28
Ва ин барои Ҳорун ва писаронаш фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил хоҳад буд, зеро ки ин ҳадия аст, ва ҳадия аз ҷониби банӣ‐Исроил аз қурбониҳои саломатии онҳо, яъне ҳадияи онҳо барои Худованд хоҳад буд.
29
Ва либосҳои муқаддаси Ҳорун баъд аз ӯ аз они писаронаш хоҳад буд, то ки дар онҳо тадҳин намуда ва баргумошта шаванд.
30
Ҳафт рӯз он коҳине ки ба ҷои ӯ, аз писаронаш, ба хаймаи ҷомеъ даромада, хизмати қудсро ба ҷо меоварад, бояд онҳоро бипӯшад.
31
Ва қӯчқори гумоштаниро гирифта, гӯшташро дар макони муқаддас бипаз.
32
Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш гӯшти қӯчқорро бо ноне ки дар сабад аст, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ бихӯранд.
33
Ва онро бояд онҳое бихӯранд, ки ба воситаи он кафорат ёфтаанд, то ки баргумошта ва тақдис карда шаванд; вале бегонае набояд бихӯрад, зеро ки ин муқаддас аст.
34
Ва агар аз гӯшти гумоштанӣ ва аз нон то субҳ боқӣ монад, он бақияро дар оташ бисӯзон: онро набояд касе бихӯрад, зеро ки муқаддас аст.
35
Ва ба Ҳорун ва писаронаш ончунон амал намо, чунон ки Ман ба ту аз ҳар ҷиҳат амр фармудаам: ҳафт рӯз онҳоро баргумор.
36
Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро ҳар рӯз барои кафорат забҳ намо, ва қурбонгоҳро бо кафорате ки бар он мекунӣ, аз гуноҳҳо пок намо, ва онро тадҳин бикун, то ки тақдис ёбад.
37
Ҳафт рӯз бар қурбонгоҳ кафорат бикун, ва онро тақдис намо, ва қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба қурбонгоҳ бирасад, муқаддас хоҳад гардид.
38
Ва ин аст он чи ту бояд бар қурбонгоҳ тақдим намоӣ: барраҳои яксола, ду адад дар як рӯз, ба таври доимӣ.
39
Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо.
40
Ва даҳьяк аз орди маҳин, ки бо чорьяк ҳин равғани кӯфта омехта шуда бошад, ва ҳадияи рехтанӣ ба қадри чорьяк ҳин шароб — барои як барра хоҳад буд.
41
Ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо; барои он монанди ҳадияи ордии субҳ ва монанди ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.
42
Ин — қурбонии сӯхтании доимӣ дар наслҳои шумо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ба хузури Худованд хоҳад буд, ки дар он ҷо ба шумо зоҳир хоҳам шуд, то ки дар он ҷо ба ту сухан гӯям.
43
Ва дар он ҷо ба банӣ‐Исроил зоҳир хоҳам шуд, ва он аз ҷалоли Ман тақдис хоҳад ёфт.
44
Ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро тақдис хоҳам намуд; ва Ҳорун ва писаронашро тақдис хоҳам намуд, то ки ба Ман каҳонат кунанд.
45
Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин хоҳам шуд, ва барои онҳо Худо хоҳам буд.
46
Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам, то ки дар миёни онҳо сокин шавам; Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40