bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Exodus 17
Exodus 17
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 18 →
1
Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил, бо амри Худованд, аз биёбони Син ба сафари худ равона шуданд; ва дар Рафидим ӯрду заданд, ва обе барои нӯшидани қавм набуд.
2
Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Ба мо об диҳед, то бинӯшем». Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Чаро бо ман низоъ мекунед? Чаро Худовандро меозмоӣ?»
3
Ва дар он ҷо қавм ташнаи об буданд, ва қавм аз Мусо шикоят карда гуфтанд: «Чаро моро аз Миср берун овардӣ, то ки мо ва фарзандони мо ва чорвои моро аз ташнагӣ бикушӣ?»
4
Ва Мусо сӯи Худованд нола карда, гуфт: «Бо ин қавм чӣ кунам? Андаке мондааст, ки маро сангсор кунанд».
5
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Пеши қавм убур намо, ва аз пирони Исроил бо худ бигир; ва асои худро, ки наҳрро бо он задӣ, ба дастат гирифта, равона шав.
6
Инак, Ман дар он ҷо пеши ту бар сахрае ки дар Ҳӯриб аст, меистам, ва ту сахраро мезанӣ, ва об аз он мебарояд, ва қавм менӯшанд». Ва Мусо пеши назари пирони Исроил чунин кард.
7
Ва он маконро Массо ва Мерибо ном ниҳод, ба сабаби ҷидоли банӣ‐Исроил ва Худовандро озмуданашон, ки гуфта буданд: «Оё дар миёни мо Худованд ҳаст, ё не?»
8
Ва Амолеқ омада, дар Рафидим бо Исроил ҷанг кард.
9
Ва Мусо ба Еҳушаъ гуфт: «Мардонро барои мо интиҳоб намо ва баромада, бо Амолеқ ҳарбу зарб кун; фардо ман бар қуллаи тал хоҳам истод, ва асои Худо дар дастам хоҳад буд».
10
Ва Еҳушаъ ончунон, ки Мусо ба ӯ амр фармуда буд, амал намуд, то ки бо Амолеқ ҳарбу зарб кунад; ва Мусо, Ҳорун ва Ҳур бар қуллаи тал баромаданд.
11
Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Мусо дасташро мебардошт, Исроил дастболо мешуд, ва ҳамин ки дасташро мефуровард, Амолеқ дастболо мешуд.
12
Вале дастҳои Мусо бемаҷол гардид; ва санге гирифта, ба таги ӯ гузоштанд, ва ӯ бар он нишаст, ва Ҳорун ва Ҳур, яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф, дастҳои ӯро бардошта нигоҳ медоштанд; ва дастҳои ӯ то ғуруби офтоб устувор монд.
13
Ва Еҳушаъ Амолеқ ва қавми варо бо дами шамшер зарба зад.
14
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инро барои ёдгорӣ дар китоб бинавис, ва гӯшраси Еҳушаъ намо, ки Ман зикри Амолеқро аз зери осмон тамоман маҳв хоҳам кард».
15
Ва Мусо қурбонгоҳе бино кард, ва онро Худованд Ниссӣ ном монд.
16
Ва гуфт: «Зеро ки даст бар тахти Худованд аст, ҷанги Худованд бар зидди Амолеқ аз насл ба насл хоҳад буд».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40