bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 1
Ezekiel 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 2 →
1
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.
2
Дар рӯзи панҷуми моҳ, ки соли панҷуми ҷалои ватан шудани подшоҳ Еҳӯёкин буд,
3
Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.
4
Ва ман дидам, ва инак боди тунде аз шимол вазид, ва абри бузург ва оташи фурӯзон, ва дурахше гирдогирдаш буд; ва аз дарунаш, яъне аз даруни оташ, чизе мисли барқ дурахшон буд.
5
Ва аз дарунаш сурати чор ҳайвон ба назар менамуд; ва намудашон чунин буд: онҳо монанди одамизод буданд.
6
Ва ҳар якеро чор рӯй буд; ва ҳар яке аз онҳо чор бол дошт.
7
Ва пойҳошон пои мустақим буд; ва кафи пойҳошон мисли кафи пои гӯсола буд, ва мисли миси сайқалдор медурахшид.
8
Ва дастҳои одамӣ аз таҳти болҳошон дар чор тарафашон намудор буд; ва ҳар чорашон рӯйҳои худ ва болҳои худро доштанд.
9
Болҳошон ба якдигар пайваста буд; дар вақти роҳ рафтанашон ба ин самту он самт рӯй намегардониданд, балки ҳар яке ба самти рӯ ба рӯи худ мерафтанд.
10
Ва сурати рӯйҳошон чунин буд: рӯйҳои одамӣ аз тарафи пеш, ва рӯйҳои шер аз тарафи рост дар ҳар чорашон, ва рӯйҳои гов аз тарафи чап дар ҳар чорашон, ва рӯйҳои уқоб аз тарафи ақиб дар ҳар чорашон.
11
Рӯйҳошон ҳамин гуна буд. Ва болҳошон чунон аз боло паҳн шуда буд, ки ду боли ҳар яке ба якдигар мепайваст, ва ду боли дигар баданҳошонро мепӯшонид.
12
Дар вақти роҳ рафтанашон рӯй намегардониданд, балки ҳар яке ба самти рӯ ба рӯи худ мерафтанд; ба ҳар ҷое ки рӯҳ мехост бираванд, мерафтанд.
13
Ва сурати ин ҳайвонҳо чунин буд: намудашон мисли ахгарҳои оташи сӯзон, мисли намуди машъалҳо; ин оташ дар фазои байни ҳайвонҳо дар ҳаракат буд, ва дурахше дошт, ва аз даруни оташ барқ мебаромад.
14
Ва ҳайвонҳо ин сӯю он сӯ мисли намуди барқ дар давиш буданд.
15
Ва чун ба ҳайвонҳо назар кардам, инак як чарх назди ҳар ҳайвони соҳиби чор рӯй бар замин буд.
16
Намуди чархҳо ва сохташон монанди забарҷад буд, ва ҳар чорашон як сурат доштанд; ва намуду сохти онҳо мисли он буд, ки гӯё чархе тақотӯи чарх бошад.
17
Онҳо чун роҳ мерафтанд, метавонистанд ба чор самти худ бираванд, бе он ки дар вақти рафтанашон рӯй гардонанд.
18
Ва чанбарҳошон хеле баланд ва воҳиманок буд, ва чанбарҳои ҳар чорашон гирдогирд пур аз чашмон буд.
19
Ва ҳангоме ки ҳайвонҳо роҳ мерафтанд, чархҳо низ назди онҳо роҳ мерафт; ва ҳангоме ки ҳайвонҳо аз замин баланд мешуданд, чархҳо низ баланд мешуд.
20
Ба ҳар ҷое ки рӯҳ мехост бираванд, мерафтанд; ва чархҳо низ баробари онҳо баланд мешуд, зеро ки рӯҳи ҳайвонҳо дар чархҳо буд.
21
Ҳангоме ки онҳо мерафтанд, инҳо низ мерафт, ва ҳангоме ки онҳо меистоданд, инҳо низ меистод; ва ҳангоме ки онҳо аз болои замин баланд мешуданд, чархҳо низ баробари онҳо баланд мешуд, зеро ки рӯҳи ҳайвонҳо дар чархҳо буд.
22
Ва сурати фалак бар сари ҳайвонҳо чунин буд: мисли булӯри саҳмгине бар сари онҳо аз боло паҳн шуда буд.
23
Ва зери фалак болҳои онҳо сӯи якдигар рост бардошта шуда буд; ҳар якеро ду бол аз он тараф мепӯшонид, ва ҳар якеро ду бол аз ин тарафи баданашон мепӯшонид.
24
Ва ҳангоме ки онҳо мерафтанд, ман садои болҳои онҳоро, ки мисли садои обҳои бисьёр, мисли садои Қодири Бечун, мисли садои ғалоғулаи лашкаргоҳ буд, шунидам; вақте ки онҳо меистоданд, болҳои худро мефуроварданд.
25
Ва аз болои фалак, ки бар сари онҳо буд, садое ба гӯш мерасид, вақте ки онҳо истода, болҳои худро мефуроварданд.
26
Ва дар фалаке ки бар сари онҳо буд, сурати тахте дида мешуд, ки намуди санги ёқути кабудро дошт; ва бар сурати тахт сурате мисли намуди одамизод бар болои он буд.
27
Ва чизе мисли барқ дурахшон дидам, ки доирае мисли намуди оташ гирдогирди он буд, — аз намуди камари ӯ ба тарафи боло; ва аз намуди камари ӯ ба тарафи поён мисли намуди оташ дидам, ва дурахше гирдогирдаш буд.
28
Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин — намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози Ӯро шунидам, ки сухан меронд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48