bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 14
Ezekiel 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 15 →
1
Ва назди ман чанд нафар аз пирони Исроил омаданд, ва ба ҳузури ман нишастанд.
2
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
3
«Эй писари одам! Ин одамон бутҳои худро ба дили худ роҳ додаанд, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ гузоштаанд; оё месазад, ки Ман ба саволи онҳо ҷавоб гардонам?
4
Бинобар ин бо онҳо сухан ронда, ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳар касе ки аз хонадони Исроил бутҳои худро ба дили худ роҳ диҳад, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ бигузорад, ва назди набӣ биёяд, — Ман, ки Худованд ҳастам, ба касе ки омадааст, бо вуҷуди бисьёрии бутҳояш, ҷавоб хоҳам гардонид,
5
То хонадони Исроил бо дили худ фаҳм кунанд, ки ҳамаашон ба воситаи бутҳои худ аз Ман дур шудаанд“.
6
Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: тавба карда, аз бутҳои худ даст кашед, ва рӯйҳои худро аз ҳамаи корҳои зишти худ гардонед.
7
Зеро ҳар касе ки аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил иқомат доранд, аз пайравии Ман дур шавад, ва бутҳои худро ба дили худ роҳ диҳад, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ бигузорад, ва назди набӣ омада, ба воситаи ӯ ба Ман савол диҳад, — Ман, ки Худованд ҳастам, Худам ба вай ҷавоб хоҳам гардонид.
8
Ва Ман рӯи Худро ба зидди он кас хоҳам нигаронид, ва ӯро вожгун хоҳам кард, то ки аломате ва зарбулмасале гардад, ва ӯро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.
9
Ва агар набие фирефта шуда, сухане гӯяд, Ман, ки Худованд ҳастам, он набиро фирефта намудаам, ва дасти Худро бар ӯ дароз карда, ӯро аз миёни қавми Худ — Исроил — барҳам хоҳам дод.
10
Ва онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт: гуноҳи саволдиҳанда чӣ гунае ки бошад, гуноҳи набӣ ҳамон гуна хоҳад буд,
11
То ки хонадони Исроил минбаъд аз пайравии Ман дур нашаванд, ва худро дигар бо ҳар навъ маъсиятҳои худ палид насозанд, балки қавми Ман бошанд, ва Ман Худои онҳо бошам, мегӯяд Худованд Худо“».
12
Ва каломи Худованд бар Ман нозил шуда, гуфт:
13
«Эй писари одам! Агар замине пеши Ман гуноҳ карда, ба дараҷаи хиёнат бирасад, ва Ман дасти Худро бар он дароз карда, муттакои нони онро бишканам, ва қаҳтӣ бар он фиристода, инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,
14
Ва агар ин се мард: Нӯҳ, Дониёл ва Айюб андаруни он бошанд, — онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо.
15
Ва агар ҳайвоноти даррандае ба он замин бифиристам, ки онро бефарзанд гардонанд, ва он ба харобазоре мубаддал шавад, ба тавре ки аз тарси он ҳайвонот касе аз он гузар накунад,
16
Гарчанде ки ин се мард андаруни он бошанд, ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, онҳо писарон ва духтарони худро раҳо нахоҳанд кард: танҳо худашон раҳоӣ хоҳанд ёфт, ва он замин ба харобазоре мубаддал хоҳад шуд.
17
Ё агар шамшере ба сари он замин биёрам ва бигӯям: „Эй шамшер, аз ин замин убур намо!“, ва инсону ҳайвонро аз он маҳв намоям,
18
Гарчанде ки ин се мард андаруни он бошанд, ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, онҳо писарон ва духтаронро раҳо нахоҳанд кард, балки танҳо худашон раҳоӣ хоҳанд ёфт.
19
Ё агар вабое ба он замин бифиристам, ва ғазаби Худро бар он бо хун фурӯ резам, то ки инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,
20
Гарчанде ки Нӯҳ, Дониёл ва Аӣюб андаруни он бошанд, ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, онҳо писаре ва духтареро раҳо нахоҳанд кард: онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард.
21
Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳарчанд ки чор қасоси сахти Худ: шамшер ва қаҳтӣ ва ҳайвоноти дарранда ва ваборо бар Ерусалим бифиристам, то ки инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,
22
Вале инак бақияе дар он иборат аз писарон ва духтароне ки берун оварда мешаванд, боқӣ хоҳанд монд; инак онҳо назди шумо берун хоҳанд омад, ва шумо рафтор ва кирдори онҳоро хоҳед дид, ва дар мусибате ки бар Ерусалим овардаам, яъне дар ҳар чизе ки Ман ба сари он овардаам, тасаллӣ хоҳед ёфт.
23
Ва онҳо шуморо тасаллӣ хоҳанд дод, зеро ки рафтор ва кирдори онҳоро хоҳед дид; ва хоҳед донист, ки ҳар он чи Ман дар он кардаам, беҳуда накардаам, мегӯяд Худованд Худо».
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48