bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 28
Ezekiel 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 29 →
1
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2
«Эй писари одам! Ба раиси Сӯр бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски дили ту мағрур шудааст, ва ту мегӯӣ: «Ман Худо ҳастам, бар нишемангоҳи худоён нишастаам», ва ҳол он ки ту одамизод ҳастӣ ва на Худо, валекин дили худро мисли худоён пиндоштаӣ,
3
Инак, ту аз Дониёл ҳакимтар ҳастӣ, ва ҳеҷ сирре аз ту пӯшида нест;
4
Бо ҳикмат ва хиради худ сарват барои худ ғун кардаӣ, ва тиллову нуқра дар ганҷинаҳои худ андӯхтаӣ;
5
Бо фаровонии ҳикмати худ, ба воситаи тиҷорати худ сарвати худро афзун кардаӣ, ва дили ту аз сарвати ту мағрур шудааст,
6
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту дили худро мисли дили худоён пиндоштаӣ,
7
Бинобар ин, инак Ман аҷнабиён, золимтарини халқҳоро бар ту хоҳам овард, ва онҳо шамшерҳои худро бар зебоии ҳикмати ту кашида, латофати туро поймол хоҳанд кард;
8
Туро дар гӯр фурӯд хоҳанд овард, ва ту бо мавти мақтулон дар дили баҳрҳо хоҳӣ мурд.
9
Оё ту ба ҳузури қотили худ хоҳӣ гуфт: «Ман Худо ҳастам?» Ва ҳол он ки ту дар дасти кушандаи худ одамизод хоҳӣ буд, ва на Худо.
10
Аз дасти аҷнабиён бо мавти номахтунон хоҳӣ мурд, зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо“».
11
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
12
«Эй писари одам! Дар ҳаққи подшоҳи Сӯр навҳа намо ва ба ӯ бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ту нигини мукаммал, пуррагин ҳикмат ва камоли ҳусн ҳастӣ.
13
Ту дар Адан, дар боғи Худо будӣ; либосҳои ту бо ҳар гуна санги гаронбаҳо: лаъл, ёқути зард ва алмос, забарҷад, ҷазъ ва яшм, ёқути кабуд, баҳрамон ва зумуррад мурассаъ буд, ва санъати дафҳо ва найҳоят барои ту аз тилло буд, ва ҳамааш дар рӯзи офариниши ту муҳайё шуда буд.
14
Ту каррубии бузургҷуссае ҳастӣ, ки бо болҳоят соя афкандаӣ, ва Ман туро бар кӯҳи муқаддас ҷойгир кардам; мисли яке аз худоён будӣ, ва андаруни сангҳои оташин роҳ мепаймудӣ.
15
Ту аз рӯзи офариниши худ дар роҳҳоят комил будӣ, то вақте ки маъсияти ту ошкор гардид.
16
Дар баробари вусъат ёфтани тиҷорати ту ботинат аз ситам пур шуд, ва ту гуноҳ кардӣ, ва Ман туро аз кӯҳи Худо сарнагун сохтам, ва туро, эй каррубии сояафкан, аз даруни сангҳои оташин нест кардам.
17
Дили ту аз зебоии ту мағрур шуд, ту ҳикмати худро аз боиси латофати худ нобуд кардӣ; Ман туро бар замин задам, пеши подшоҳон вожгун намудам, то ба ту бо нафрат назар андозанд.
18
Бо фаровонии гуноҳҳои худ, бо ноинсофии тиҷорати худ ту маконҳои муқаддаси худро палид кардӣ; ва Ман аз даруни ту оташе берун хоҳам овард, ки он туро хоҳад сӯзонид, ва Ман туро дар пеши назари ҳамаи бинандагонат бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид.
19
Ҳамаи онҳое ки дар миёни қавмҳо туро мешинохтанд, дар бораи ту моту мабҳут хоҳанд шуд; ту мавриди даҳшат гардидаӣ, ва то абад дигар нахоҳӣ буд“».
20
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
21
«Эй писари одам! Рӯи худро ба тарафи Сидӯн бигардон, ва дар ҳаққи он нубувват намо.
22
Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Инак Ман ба ту, эй Сидӯн, зид ҳастам, ва андаруни ту ҷалол хоҳам ёфт; ва чун бар он доварӣ намуда, ба воситаи он тақдис ёбам, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.
23
Ва вабо бар он, ва хун бар кӯчаҳояш хоҳам фиристод, ва шаҳидон андаруни он аз шамшере ки аз ҳар ҷониб бар он меояд, хоҳанд афтод; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.
24
Ва он дигар барои хонадони Исроил аз миёни ҳамаи атрофиёнашон, ки аз онҳо нафрат доранд, янтоқи халанда ва хори дардовар нахоҳад буд; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам.
25
Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳангоме ки Ман хонадони Исроилро аз миёни қавмҳое ки андарунашон пароканда шудаанд, ҷамъ оварам ва ба воситаи онҳо дар назари халқҳо тақдис ёбам, онҳо дар замини худашон, ки ба бандаи худ Яъқуб додаам, сокин хоҳанд шуд;
26
Ва дар он дар амният сокин шуда, хонаҳо бино хоҳанд кард ва токҳо хоҳанд шинонид ва дар амният сокин хоҳанд шуд; ҳангоме ки бар ҳамаи атрофиёнашон, ки аз онҳо нафрат доранд, доварӣ намоям, хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам“».
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 29 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48