bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 11
Ezekiel 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 12 →
1
Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, назди дарвозаи шарқии хонаи Худованд, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, овард, ва инак ба даҳани дарвоза бисту панҷ мард буданд; ва ман дар миёни онҳо сарварони қавм — Яазаньё ибни Аззур ва Фалатьё ибни Баноёро дидам.
2
Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй писари одам! Инҳо касоне ҳастанд, ки тадбирҳои шарирона меандешанд, ва дар ин шаҳр машваратҳои бад медиҳанд,
3
Ва мегӯянд: „Вақти хонасозӣ наздик нест; ин шаҳр дег аст, ва мо — гӯшт“.
4
Бинобар ин ба муқобили онҳо нубувват намо, эй писари одам, нубувват намо!»
5
Ва Рӯҳи Худованд бар ман нозил шуда, ба ман гуфт: «Бигӯй, ки Худованд чунин мегӯяд: шумо, эй хонадони Исроил, ин тавр сухан меронед, валекин андешаҳои дили шуморо Ман медонам.
6
Бисьёр касонро шумо дар ин шаҳр куштаед, ва кӯчаҳои онро аз мақтулон пур кардаед.
7
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: мақтулони шумо, ки андаруни он гузоштаед, гӯшт мебошанд; ва он — дег аст; валекин шуморо ман аз даруни он берун хоҳам овард.
8
Шумо аз шамшер метарсед, вале Ман шамшерро бар шумо хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо.
9
Ва шуморо аз даруни он берун хоҳам овард, ва шуморо ба дасти бегонаҳо хоҳам супурд, ва бар шумо доварӣ хоҳам кард.
10
Аз шамшер хоҳед афтод; назди сарҳади Исроил бар шумо доварӣ хоҳам кард, ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.
11
Ин шаҳр барои шумо дег нахоҳад буд, ва шумо андаруни он гӯшт нахоҳед буд; назди сарҳади Исроил бар шумо доварӣ хоҳам кард.
12
Ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, ки шумо бар тибқи фароизи Ман рафтор накардед ва дастурҳои Маро ба ҷо наовардед, балки бар тибқи дастурҳои халқҳое ки дар гирди шумо мебошанд, амал кардед».
13
Ва чунин воқеъ шуд, ки чун нубувват менамудам, Фалатьё ибни Баноё мурд; ва ман бар рӯи худ афтодам ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Наҳод ки Ту бақияи Исроилро тамоман несту нобуд мекунӣ?»
14
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
15
«Эй писари одам! Бародаронат, бародаронат, одамони наздикат, ва тамоми хонадони Исроил саросар касоне мебошанд, ки дар бораи онҳо сокинони Ерусалим мегӯянд: „Онҳо аз Худованд дур шудаанд; ин замин ба мо барои тасарруф дода шудааст“.
16
Бинобар ин бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: агарчи Ман онҳоро дур андохтаам, ва агарчи онҳоро дар кишварҳо пароканда кардаам, валекин Ман барои онҳо дар кишварҳое ки ба он ҷо омадаанд, андак замоне паноҳгоҳи муқаддасе будам“.
17
Бинобар ин бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман шуморо аз миёни қавмҳо ҷамъ хоҳам кард, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, фароҳам хоҳам овард, ва замини Исроилро ба шумо хоҳам дод“.
18
Ва ба он ҷо хоҳанд омад, ва тамоми бутҳои қабеҳи онро, ва тамоми санамҳои зишти онро аз он дур хоҳанд кард.
19
Ва Ман ба онҳо дили ягонае хоҳам дод, ва рӯҳи тозае андаруни онҳо хоҳам ниҳод, ва дили сангинро аз ҷисми онҳо дур хоҳам кард, ва дили гӯштӣ ба онҳо хоҳам бахшид,
20
То ки бар тибқи фароизи Ман рафтор намоянд ва дастурҳои Маро риоя кунанд ва онҳоро ба ҷо оваранд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.
21
Валекин дар ҳаққи онҳое ки дилашон ба бутҳои қабеҳ ва зишташон моил мешавад, Ман подоши рафтори онҳоро бар сарашон хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо».
22
Ва каррубиён болҳои худро барафроштанд, ва чархҳо назди онҳо буданд, ва ҷалоли Худои Исроил аз боло бар онҳо буд.
23
Ва ҷалоли Худованд аз даруни шаҳр сууд кард, ва бар кӯҳе ки ба тарафи шарқии шаҳр воқеъ аст, таваққуф намуд.
24
Ва дар рӯъё Рӯҳи Худо маро бардошт ва ба кишвари калдониён назди ҷалои ватан шудагон овард; ва рӯъёе ки ман дидам, аз ман ғоиб шуд;
25
Ва ман тамоми калимоти Худовандро, ки Ӯ ба ман зоҳир сохт, ба ҷалои ватан шудагон баён намудам.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48