bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 9
Ezekiel 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 10 →
1
Ва бо овози баланде ба самъи ман хонда, гуфт: «Бигзор амалдорони шаҳр наздик шаванд, ва ҳар кас олати ҳалокатовари худро дар дасташ дошта бошад».
2
Ва инак шаш нафар аз роҳи дарвозаи боло, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, омаданд, ва ҳар кадомро олати харобкунандааш дар дасташ буд, ва дар миёни онҳо як мард либоси катон дар тан дошт, ва дар камараш лавозимоти хатнависӣ буд; ва онҳо омада, назди қурбонгоҳи мисин истоданд.
3
Ва ҷалоли Худои Исроил аз болои каррубӣ, ки бар он буд, ба остонаи маъбад баромад; ва он мардро, ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, даъват намуд.
4
Ва Худованд ба вай гуфт: «Аз миёнаи шаҳр, яъне аз миёнаи Ерусалим гузар намо, ва бар пешонии одамоне ки дар бораи ҳамаи корҳои зиште ки андаруни он карда мешавад, оҳу фиғон мекунанд, аломате бигузор».
5
Ва ба онҳо ба самъи ман гуфт: «Аз ақиби ин мард дар шаҳр гузар кунед ва зарба занед: бигзор чашмонатон риққат наоварад, ва раҳм накунед.
6
Пирон, ҷавонон ва духтарон, ва кӯдакон ва занонро кушта нобуд кунед, валекин ба ҳар касе ки бар худ аломат дорад, наздик нашавед, ва аз хонаи муқаддаси Ман оғоз намоед». Ва онҳо аз пироне ки пеши хона буданд, оғоз карданд.
7
Ва ба онҳо гуфт: «Маъбадро палид кунед ва саҳнҳоро аз мақтулон пур карда, берун равед». Ва онҳо берун рафтанд, ва дар шаҳр зарба задан гирифтанд.
8
Ва ҳангоме ки онҳо зарба мезаданд, ва ман боқӣ мондам, бар рӯи худ афтода, фарьёд кашидам, ва гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Оё Ту, чун ғазабатро бар Ерусалим фурӯ резӣ, тамоми бақияи Исроилро несту нобуд хоҳӣ кард?»
9
Ва ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроил ва Яҳудо бағоят азим аст, ва ин замин аз хун пур шудааст, ва ин шаҳр аз беадолатӣ пур аст; зеро ки онҳо мегӯянд: „Худованд ин заминро тарк кардааст, ва Худованд намебинад“.
10
Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард».
11
Ва инак марде ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, ҷавоб гардонда, гуфт: «Ҳар он чи Ту амр фармудӣ, ба ҷо овардам».
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48