bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 35
Ezekiel 35
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 34
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 36 →
1
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2
«Эй писари одам! Рӯи худро ба самти кӯҳи Сеир бигардон ва дар ҳаққи он нубувват намо,
3
Ва ба он бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй кӯҳи Сеир, зид ҳастам, ва дасти Худро бар ту дароз карда, туро вайронаю валангор хоҳам сохт.
4
Шаҳрҳоятро ба харобазор табдил хоҳам дод, ва ту валангор хоҳӣ шуд, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам.
5
Азбаски ту адовати доимӣ доштӣ, ва банӣ‐Исроилро дар вақти мусибаташон, дар ниҳояти гуноҳашон ба дами шамшер несту нобуд кардӣ,
6
Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, туро ғарқи хун хоҳам кард, ва хун туро таъқиб хоҳад намуд; модоме ки адовати ту ташнаи хун буд, аз ин рӯ хун туро таъқиб хоҳад намуд.
7
Ва кӯҳи Сеирро вайронаю валангор хоҳам сохт, ва равандаю ояндаро аз он нест хоҳам кард.
8
Ва кӯҳҳои онро аз мақтулони он пур хоҳам кард; дар теппаҳо ва дараҳо ва ҳамаи рӯдхонаҳои ту мақтулони шамшер хоҳанд афтод.
9
Туро ба харобазори абадӣ табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои ту маскун нахоҳад шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.
10
Азбаски ту гуфтӣ: «Ин ду халқ ва ин ду кишвар аз они ман хоҳад шуд, ва онро тасарруф хоҳем кард», ва ҳол он ки Худованд он ҷо буд,
11
Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, ба андозаи хашм ва ҳасаде ки ту дар адовати худ нисбат ба онҳо нишон додаӣ, бо ту амал хоҳам кард, ва Худро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт, вақте ки бар ту доварӣ намоям,
12
Ва хоҳӣ донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ҳамаи дашномҳои туро, ки дар ҳаққи кӯҳҳои Исроил ба забон рондӣ, шунидаам, яъне гуфтӣ: «Валангор шудааст! Барои хӯрдани мо дода шудааст!»
13
Ва шумо бо даҳони худ бар Ман такаббур намудед ва суханони худро бар зидди Ман мағрурона афзун кардед, ва Ман шунидаам.
14
Худованд Худо чунин мегӯяд: дар сурате ки тамоми дуньё шодӣ мекунад, Ман туро валангор хоҳам сохт.
15
Чунон ки ту бар мероси хонадони Исроил, вақте ки он валангор шуд, шодӣ кардӣ, ончунон Ман бо ту амал хоҳам намуд; кӯҳи Сеир ва тамоми Адӯм саросар валангор хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».
← Chapter 34
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 36 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48