bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 45
Ezekiel 45
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 44
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 46 →
1
Ва ҳангоме ки заминро барои тасарруф бо қуръа тақсим кунед, қитъаи муқаддасе аз замин, ки бисту панҷ ҳазор зироъ дарозӣ ва даҳ ҳазор зироъ фарохӣ дошта бошад, барои Худованд пешкаш намоед; он дар тамоми ҳудудаш гирдогирд муқаддас хоҳад буд.
2
Аз ин барои қудс мураббае ба андозаи панҷсад зироъ бар панҷсад зироъ гирдогирд хоҳад буд; ва майдоне гирдогирди он ба андозаи панҷоҳ зироъ.
3
Ва аз паҳлуи ин андоза дарозии бисту панҷ ҳазор зироъ ва фарохии даҳ ҳазор зироъро андоза намо, ва дар он ҷо хонаи муқаддас, кудси қудсҳо хоҳад буд.
4
Ин барои коҳиноне ки дар хонаи муқаддас хизмат мекунанд ва барои хизмат кардан ба Худованд наздик меоянд, китъаи муқаддасе аз замин хоҳад буд, ва маконе барои хонаҳои онҳо ва ҷои тақдисьёфтае барои хонаи муқаддас хоҳад буд.
5
Ва дарозии бисту панҷ ҳазор зироъ ва фарохии даҳ ҳазор зироъ барои левизодагоне ки дар хонаи муқаддас хизмат мекунанд, хоҳад буд, то ки мулки онҳо барои бист утоқ бошад.
6
Ва мулки шаҳрро, ки фарохияш панҷ ҳазор зироъ ва дарозияш бисту панҷ ҳазор зироъ бошад, дар рӯ ба рӯи пешкаши муқаддас бидиҳед; он аз они тамоми хонадони Исроил хоҳад буд.
7
Ва мулк барои раис аз ин тараф ва аз он тарафи пешкаши муқаддас ва мулки шаҳр, аз паҳлуи пешкаши муқаддас ва аз паҳлуи мулки шаҳр, аз ҷониби ғарбӣ ба сарҳади марзи ғарбӣ ва аз ҷониби шарқӣ ба сарҳади марзи шарқӣ хоҳад буд, ва дарозии он баробари ҳар ҳисса аз сарҳади ғарбӣ то сарҳади шарқӣ хоҳад буд.
8
Ин ҳиссаи замин мулки ӯ дар Исроил хоҳад буд, то ки раисони Ман қавми Маро дигар ба танг наоваранд, ва заминро ба хонадони Исроил бар тибқи сибтҳои онҳо бидиҳанд.
9
Худованд Худо чунин мегӯяд: бас аст шуморо, эй раисони Исроил! Зулм ва ғоратро дур кунед, ва адлу инсоф ба амал оваред; бедодии худро аз сари қавми Ман бардоред, мегӯяд Худованд Худо.
10
Бигзор шуморо тарозуи дуруст ва эфаи дуруст ва бати дуруст бошад.
11
Эфа ва бат бояд як гунҷоиш дошта бошанд: бат ба даҳьяки ҳӯмер баробар бошад; ва эфа низ ба даҳьяки ҳӯмер, — андозаи он мувофиқи ҳӯмер хоҳад буд.
12
Ва дар сикл бист ҷеро хоҳад буд; бист сикл, бисту панҷ сикл, даҳ ва панҷ сикл, — инҳо ба минои шумо ҳамроҳ хоҳад шуд.
13
Пешкаше ки шумо бояд бидиҳед, ин аст: шашьяки эфа аз ҳар ҳӯмери гандум, ва шашьяки эфа аз ҳар ҳӯмери ҷав.
14
Ва қарордод дар бораи равған: бат андозаи равған аст; даҳьяки бат аз ҳар кӯр бидиҳанд; даҳ бат як ҳӯмер аст, зеро ки як ҳӯмер даҳ бат дорад.
15
Ва як гӯсфанд аз рамаи дорои дусад сар гӯсфанд аз чарогоҳи сероби Исроил, барои ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бидиҳанд, то ки барояшон кафорат гардад, мегӯяд Худованд Худо.
16
Тамоми қавми замин вазифадор мебошанд ин пешкашро ба раиси Исроил бидиҳанд.
17
Ва раис вазифадор аст қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтаниро дар идхо ва навмоҳҳо ва шанбеҳо, дар ҳамаи мавсимҳои хонадони Исроил бидиҳад; ӯ қурбонии гуноҳ ва ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро барои кафорати хонадони Исроил хоҳад овард.
18
Худованд Худо чунин мегӯяд: дар рӯзи аввали моҳи якум гӯсолаи нари беайбе бигир, ва хонаи муқаддасро аз гуноҳ пок намо.
19
Ва бигзор коҳин аз хуни он қурбонии гуноҳ гирифта, бар паҳлудариҳои ин хона, ва бар чор гӯшаи барҷастагии қурбонгоҳ, ва бар паҳлудариҳои дарвозаи саҳни дохилӣ бипошад.
20
Ва дар рӯзи ҳафтуми моҳ барои ҳар касе ки саҳван ва ё аз рӯи соддадилӣ гуноҳ карда бошад, ҳамин тавр амал намо; ва хонаро кафорат кунед.
21
Дар рӯзи чордаҳуми моҳи якум барои шумо фисҳ, иди ҳафтрӯза, хоҳад буд, ки дар он бояд фатир бихӯранд.
22
Ва дар он рӯз раис бояд барои худаш ва барои қавми замин нарговеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад;
23
Ва дар ҳафт рӯзи ид, дар ҳар рӯзи ин ҳафт рӯз, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқори беайбро барои Худованд ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёрад: ва ҳар рӯз нарбузеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад;
24
Ва ҳадияи ордиро ба андозаи як эфа бо ҳар наргов ва як эфа бо ҳар қӯчқор, ва равғанро ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа биёрад.
25
Дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳафтум, дар ид, ӯ бояд ҳафт рӯз мисли инҳо, яъне: чунин қурбонии гуноҳ, чунин қурбонии сӯхтанӣ, чунин ҳадияи ордӣ ва чунин миқдори равған биёрад.
← Chapter 44
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 46 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48