bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 47
Ezekiel 47
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 46
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 48 →
1
Ва маро назди даромадгоҳи маъбад овард, ва инак, аз таги остонаи маъбад об ба тарафи шарқ ҷорӣ буд, зеро ки маъбад рӯ ба ҷониби шарқ буд; ва об аз таг, аз паҳлуи ҷанубии маъбад, аз тарафи ҷанубии қурбонгоҳ ҷараён дошт.
2
Ва маро аз дарвозаи шимолӣ берун овард, ва маро бо роҳи берунӣ ба сӯи дарвозаи берунӣ, бо роҳе ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, давр занонд; ва инак, об аз паҳлуи ҷанубӣ чорӣ мешуд.
3
Ҳангоме ки он мард ба ҷониби шарқ берун омад, ресмон дар дасташ буд; ва ҳазор зироъ андоза кард, ва маро аз об гузаронд; об то буҷулаки пой буд.
4
Ва ҳазор зироъ андоза кард, ва маро аз об гузаронд; об то сари зону буд. Ва ҳазор зироъ андоза кард, ва маро гузаронд; об то камар буд.
5
Ва ҳазор зироъ андоза кард, — наҳре буд, ки аз он наметавонистам убур намоям, зеро ки об бағоят баланд шуда буд, обе ки аз он фақат шино кардан мумкин буд, наҳре ки аз он қадам зада гузаштан ғайриимкон буд.
6
Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам?» Ва маро бурда, ба сохили наҳр баргардонид.
7
Ва ҳангоме ки баргаштам, инак дар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, хеле бисьёр дарахтон буд.
8
Ва ба ман гуфт: «Ин обҳо сӯи ноҳияи шарқӣ ҷорӣ мешавад, ва ба водии Урдун фурӯд омада, ба баҳри Намак медарояд; ҳамин ки ба баҳр дарояд, обҳои он солим мегардад.
9
Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар ҷони зиндаи хазанда дар ҳар ҷое ки ҷараёни он наҳр дохил шавад, зинда хоҳад монд, ва моҳӣ бағоят фаровон хоҳад шуд, зеро ки ба он ҷо ин обҳо омада, он солим хоҳад шуд, ва ба ҳар ҷое ки ин наҳр дохил шавад, ҳар чиз зинда хоҳад монд.
10
Ва моҳигирон назди он хоҳанд истод; аз Айн‐Ҷадӣ то Айн‐Аҷлоим макони паҳн кардани тӯрҳои онҳо хоҳад шуд; моҳии онҳо аз ҷинсҳои гуногун ва мисли моҳии баҳри Кабир бағоят фаровон хоҳад буд.
11
Вале ботлоқҳо ва ҳавзҳои он солим нагардида, барои намак гузошта хоҳад шуд.
12
Ва бар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, ҳар навъ дарахтони ғизоовар хоҳанд рӯид; баргҳои онҳо пажмурда нахоҳад шуд, ва меваи онҳо тамомият нахоҳад дошт: ҳар моҳ меваи тоза пайдо хоҳад шуд, зеро ки оби он аз маъбад ҷорӣ мешавад; меваи онҳо барои хӯрок ва баргҳои онҳо барои даво хоҳад буд».
13
Худованд Худо чунин мегӯяд: «Ин аст ҳудуде ки заминро мувофиқи он ба дувоздаҳ сибти Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард: ба Юсуф ду ҳисса.
14
Ва шумо, ҳар яке баробари дигаре, онро тасарруф хоҳед намуд, чунки Ман дасти Худро бардошта қасам ёд кардаам, ки онро ба падарони шумо бидиҳам; ва ин замин насиби шумо хоҳад шуд.
15
Ва ҳудуди замин ин аст: дар канори шимолӣ аз баҳри Кабир бо роҳи Ҳатлун то даромадгоҳи Садад,
16
Ҳамот, Берута ва Сиброим, ки дар миёни сарҳади Димишқ ва сарҳади Ҳамот аст, ва Ҳасар‐Ҳатихун, ки назди сарҳади Ҳаврон аст.
17
Ва сарҳад аз баҳр то Ҳасар‐Энон, ҳудуди Димишқ, ва ба самти шимол ҳудуди Ҳамот хоҳад буд; ва ин аст канори шимолӣ.
18
Ва канори шарқӣ дар миёни Ҳаврон ва Димишқ ва дар миёни Ҷилъод ва замини Исроил Урдун хоҳад буд; аз ин сарҳад то баҳри Шарқӣ андоза намоед; ва ин аст канори шарқӣ.
19
Ва канори ҷанубӣ, ба тарафи ҷануб, аз Томор то обҳои Марибут‐Қодеш ва наҳри сӯи баҳри Кабир хоҳад буд; ва ин аст канори ҷанубӣ ба тарафи ҷануб.
20
Ва канори ғарбӣ баҳри Кабир аз сарҳади ҷанубӣ то даромадгоҳи Ҳамот хоҳад буд; ин аст канори ғарбӣ.
21
Ва ин заминро барои худ бар тибқи сибтҳои Исроил тақсим кунед.
22
Ва чунин хоҳад шуд, ки онро ҳамчун мулки ирсӣ барои худатон ва барои ғарибоне ки андаруни шумо сукунат доранд ва андаруни шумо фарзандон ба дуньё овардаанд, бо куръа тақсим хоҳед кард; ва онҳо назди шумо, дар миёни банӣ‐Исроил, бояд мисли мардуми маҳаллӣ ба шумор раванд, ва бо шумо, андаруни сибтҳои Исроил, мулки ирсиро бо қуръа тақсим кунанд.
23
Ва чунин хоҳад шуд, ки дар кадом сибте ки ғариб сукунат дошта бошад, дар он ҷо мулки ирсии варо хоҳед дод, мегӯяд Худованд Худо».
← Chapter 46
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 48 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48