bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 12
Ezekiel 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 13 →
1
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2
«Эй писари одам! Ту андаруни хонадони исьёнгар сукунат дорӣ, ки онҳо чашмон барои дидан доранд, вале намебинанд, ва онҳо гӯшҳо барои шунидан доранд, вале намешунаванд, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.
3
Ва ту, эй писари одам, барои худ бисоти ҷалои ватанро муҳайё намо, ва рӯзона дар пеши назари онҳо муҳоҷират кун, ва аз макони худ ба макони дигар дар пеши назари онҳо муҳоҷират кун; шояд инро дида, фаҳм кунанд, агарчи хонадони исьёнгар мебошанд.
4
Ва бисоти худро, ҳамчун бисоти ҷалои ватан, рӯзона дар пеши назари онҳо берун овар, ва худат шомгоҳ дар пеши назари онҳо, ҳамчун касоне ки барои ҷалои ватан берун мераванд, берун рав.
5
Дар пеши назари онҳо барои худ рахнае дар девор карда, аз он берун овар.
6
Дар пеши назари онҳо бар китфат бимон, дар торикӣ берун овар, рӯи худро бипӯшон, то ки заминро набинӣ, зеро ки туро аломате барои хонадони Исроил гардонидаам».
7
Ва ман тавре ки ба ман амр фармуда шуд, амал кардам: бисоти худро, ҳамчун бисоти ҷалои ватан, рӯзона берун овардам, ва шомгоҳ барои худ бо даст рахнае дар девор кардам; дар торикӣ берун овардам, дар пеши назари онҳо бар китфам гузоштам.
8
Ва бомдодон каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
9
«Эй писари одам! Оё хонадони Исроил, ки хонадони исьёнгар мебошанд, ба ту нагуфтанд: „Ин чӣ кор аст, ки мекунӣ?“
10
Ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ин ваҳй дар бораи раисест, ки дар Ерусалим мебошад, ва дар бораи тамоми хонадони Исроил, ки андаруни он сокинанд“.
11
Бигӯй: „Ман аломате барои шумо ҳастам; чунон ки амал кардам, ончунон ба онҳо амал карда хоҳад шуд: онҳо ҷалои ватан шуда, ба асирӣ хоҳанд рафт“.
12
Ва раисе ки дар миёни онҳост, дар торикӣ бисоти худро бар китфаш гузошта, берун хоҳад рафт; рахнае дар девор хоҳанд кард, то ки ӯро аз он берун оваранд; ӯ рӯи худро хоҳад пӯшонид, то ки заминро бо чашми худ набинад.
13
Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.
14
Ва ҳамаи онҳоеро, ки дар гирду пеши ӯ ҳастанд, мададгорони ӯ ва тамоми қӯшуни ӯро ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.
15
Ва ҳангоме ки онҳоро дар миёни халқҳо пароканда намоям ва онҳоро дар кишварҳо парешон созам, онҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.
16
Валекин адади камеро аз онҳо аз шамшер, аз қаҳтӣ ва аз вабо боқӣ хоҳам гузошт, то ҳамаи корҳои зишти худро дар миёни халқҳое ки ба он ҷо мераванд, ҳикоят кунанд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».
17
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
18
«Эй писари одам! Нони худро бо ларза бихӯр, ва оби худро бо изтироб ва андӯҳ бинӯш.
19
Ва ба қавми ин замин бигӯй: „Худованд Худо дар ҳаққи сокинони Ерусалим, дар ҳаққи замини Исроил чунин мегӯяд: онҳо нони худро бо андӯҳ хоҳанд хӯрд, ва оби худро бо яъс хоҳанд нӯшид, чунки замини онҳо аз боиси ситамгарии ҳамаи сокинонаш аз фаровонии он маҳрум хоҳад шуд.
20
Ва шаҳрҳои маскун хароб хоҳад гардид, ва ин замин валангор хоҳад шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам“».
21
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
22
«Эй писари одам! Шуморо дар замини Исроил ин зарбулмасал чист, ки мегӯед: „Айём тӯл мекашад, ва ҳар рӯъё нест мешавад“?
23
Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман ин зарбулмасалро барҳам хоҳам дод, ва онро дигар дар Исроил истеъмол нахоҳанд кард“; лекин ба онҳо бигӯй: айём наздик аст, ва иҷрои ҳар рӯъё қариб.
24
Зеро ки ҳеҷ рӯъё ботил ва пешгӯии тамаллуқомез дар хонадони Исроил дигар нахоҳад буд.
25
Зеро Ман, ки Худованд хастам, сухан хоҳам гуфт, ва сухане ки Ман бигӯям, ба амал хоҳад омад, ва дигар даранг нахоҳад кард, зеро ки дар айёми шумо, эй хонадони исьёнгар, сухане хоҳам гуфт ва онро ба ҷо хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо».
26
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
27
«Эй писари одам! Инак хонадони Исроил мегӯянд: „Рӯъёе ки ӯ мебинад, барои айёми кашол аст, ва ӯ барои замонхои дур нубувват мекунад“.
28
Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳеҷ каломи Ман дигар даранг нахоҳад кард: сухане ки Ман бигӯям, ба амал хоҳад омад, мегӯяд Худованд Худо“».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48