bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 27
Ezekiel 27
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 28 →
1
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2
«Ва ту, эй писари одам, дар ҳаққи Сӯр навҳа намо,
3
Ва ба Сӯр бигӯй: эй, ки назди бандарҳои баҳр сокин шудаӣ, ва бар ҷазираҳои бисьёр бо қавмҳо тиҷорат мекунӣ! Худованд Худо чунин мегӯяд: эй Сӯр! Ту гуфтаӣ: „Ман камоли зебоӣ ҳастам!“
4
Худуди ту дар дили баҳр аст; бинокоронат зебоии туро мукаммал кардаанд:
5
Ҳамаи тахтаҳоятро аз сарви Санир тайёр кардаанд; арзи Лубнонро гирифтаанд, то ки дагале бар ту бисозанд.
6
Белҳоятро аз булутҳои Бошон сохтаанд; тахтаҳои рӯйбастатро аз дарахти шамшоди ҷазираҳои Киттим сохта, бо оҷ мурассаъ кардаанд;
7
Катони гулдӯзии Миср бодбони ту буд, то ки ливое барои ту бошад. Матои лоҷвард ва арғувон аз ҷазираҳои Алишо чодири ту буд.
8
Сокинони Сидӯн ва Арвад белкашҳои ту буданд; донишмандони ту, эй Сӯр, ки дар ту буданд, суккондорони ту буданд.
9
Пирони Ҷабал ва донишмандони он дар ту буданд, рахнаҳои туро таъмир мекарданд; ҳама гуна киштиҳои баҳр ва маллоҳонашон дар ту буданд, то бо ту додугирифт намоянд.
10
Форс ва Луд ва Фут дар қӯшуни ту ҷанговарони ту буда, сипар ва хӯд бар ту меовехтанд; онҳо туро шавкат мебахшиданд.
11
Банӣ‐Арвад бо қӯшуни ту бар ҳисорҳоят гирдогирд меистоданд, ва ҷаммодон дар бурҷҳои ту буданд; онҳо сипарҳои худро бар ҳисорҳоят гирдогирд овехта, зебоии туро мукаммал мекарданд.
12
Таршиш ба сабаби фаровонии ҳар навъ дороии он бо ту тиҷорат мекард ва дар ивази молҳоят нуқра, оҳан, қалъагӣ ва қӯрғошим медод.
13
Ёвон, Тубол ва Мошак тоҷирони ту буда, дар ивази молҳоят ҷонҳои одам ва колои мисин медоданд.
14
Аз хонадони Туҷармо дар ивази молҳоят аспони ёбу ва саворӣ ва хачирон медоданд.
15
Банӣ‐Дадон тоҷирони ту буданд; аз ҷазираҳои бисьёр молҳо ба дасти ту медаромад; дандонҳои ашкии фил ва обнус ба ту инъом мекарданд.
16
Аҳли Арам бо ту, ба сабаби фаровонии маснӯотат, тиҷорат менамуданд; дар ивази молҳоят санги баҳрамон, матоъҳои арғувон, гулдӯзӣ ва катони нозук, ва марҷон ва ёқути руммонӣ медоданд.
17
Яҳудо ва замини Исроил бо ту тиҷорат мекарданд; дар ивази молҳоят гандуми Минит ва ҳалво ва асал ва равған ва баласон медоданд.
18
Димишқ, ба сабаби фаровонии маснӯотат ва аз бисьёрии ҳар гуна дороӣ, бо ту бо шароби Ҳалбун ва пашми сафед тиҷорат мекард.
19
Ва Дон ва Ёвон дар ивази молҳоят калоба медоданд; оҳани сайқалдор, пӯсти дарахти хушбӯй ва наи атрогин дар миёни молҳоят буд.
20
Дадон бо ту бо зинпӯшҳои зебо барои маркабҳо тиҷорат менамуд.
21
Араб ва ҳамаи раисони Қедор бо ту додугирифт доштанд: бо гӯсфандони парворӣ ва қӯчқорҳо ва нарбузҳо бо ту тиҷорат мекарданд.
22
Тоҷирони Шабо ва Раъмо бо ту тиҷорат доштанд; ҳар атриёти беҳтарин ва ҳар навъ сангҳои гаронбаҳо ва тилло дар ивази молҳоят медоданд.
23
Ҳорон ва Канна ва Адан, ва тоҷирони Шабо, ва Ашшур ва Килмод бо ту додугирифт доштанд.
24
Онҳо бо либосҳои зебо, ва ҷомаҳои лоҷвард ва гулдӯзӣ, ва сандуқҳои пур аз матоъҳои рангин, ки бо танобҳо маҳкам баста шуда буд, дар бозорҳоят бо ту тиҷорат мекарданд.
25
Киштиҳои Таршиш қофилаҳои тиҷорати ту буданд, ва ту пур шуда, дар дили баҳрҳо бағоят гарон гардидӣ.
26
Белкашҳоят туро ба обҳои азим бурданд, боди шарқӣ туро дар дили баҳрҳо дарҳам шикаст.
27
Дороият ва молҳоят, тиҷоратат, маллоҳонат ва суккондоронат, онҳое ки рахнаҳоятро таъмир мекарданд, ва онҳое ки бо ту додугирифт доштанд, ва ҳамаи ҷанговароне ки дар ту буданд, ва тамоми ҷамоате ки андаруни ту буданд, дар рӯзи шикасти ту дар дили баҳрҳо меафтанд.
28
Аз садои фиғони суккондоронат чарогоҳҳои гирду атроф ба ларза меояд.
29
Ва ҳамаи белкашҳо, маллоҳон, ҳамаи суккондорони баҳр аз киштиҳои худ фуромада, дар замин меистанд.
30
Ва дар ҳаққи ту овози худро баланд карда, бо талхӣ фарьёд мезананд, ва хок бар сари худ рехта, дар хокистар меғеланд;
31
Ва барои ту мӯйсари худро тамоман тарошида, палос мепӯшанд, ва бо талхии ҷон барои ту зор‐зор гириста, навҳа мекунанд;
32
Ва дар гирьяи худ барои ту овозандозӣ мекунанд ва навҳа намуда, мегӯянд: „Кист мисли Сӯр, ки андаруни баҳр хомӯш гардидааст!
33
Ҳангоме ки молҳоят аз баҳрҳо берун меомад, қавмҳои бисьёрро сер мекардӣ, бо фаровонии дороӣ ва тиҷорати худ подшоҳони заминро бой мегардондӣ.
34
Алҳол, ки дар баҳрҳо, дар умқҳои обҳо шикаст хӯрдаӣ, молҳои ту ва тамоми ҷамоати ту андаруни ту фурӯ ғалтидаанд.
35
Ҳамаи сокинони ҷазираҳо дар бораи ту моту мабҳут шудаанд, ва подшоҳонашон бисьёр ба ҳаяҷон омада, пажмурдарӯй гардидаанд.
36
Тоҷирони қавмҳо дар бораи ту хайрон шуда ҳуштак мекашанд; ту мавриди даҳшат гардидаӣ, ва то абад дигар нахоҳӣ буд“».
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48