bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 43
Ezekiel 43
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 42
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 44 →
1
Ва маро назди дарвоза овард, назди дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд.
2
Ва инак, ҷалоли Худои Исроил аз тарафи шарқ омад, ва овози Ӯ мисли овози обҳои бисьёр буд, ва замин аз ҷалоли Ӯ мунаввар шуд.
3
Ва мисли намуди он рӯъёе буд, ки ман дида будам, яъне мисли он рӯъёе ки дар вақти омаданам барои харобии ин шаҳр, дида будам, ва рӯъёҳо мисли он рӯъёе буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; ва бар рӯи худ афтодам.
4
Ва ҷалоли Худованд аз дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, ба маъбад даромад.
5
Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, ба саҳни дохилӣ овард, ва инак ҷалоли Худованд маъбадро пур кард.
6
Ва касеро шунидам, ки ба ман аз даруни маъбад сухан меронд; ва марде назди ман истода буд.
7
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин аст макони тахти Ман ва макони кафи пойҳои Ман, ки дар он Ман дар миёни банӣ‐Исроил то абад сокин хоҳам шуд; ва хонадони Исроил, ҳам худашон ва ҳам подшоҳонашон, дигар исми муқаддаси Маро бо зинокории худ ва бо лошаҳои подшоҳони худ ва бо баландиҳои худ палид нахоҳанд кард,
8
Дар сурате ки онҳо остонаи худро назди остонаи Ман ва паҳлударии худро назди паҳлударии Ман месохтанд, ва фақат деворе дар мобайни Ман ва онҳо буд, ва онҳо исми муқаддаси Маро бо корҳои зишти худ, ки ба ҷо меоварданд, палид карданд, ва Ман онҳоро дар хашми Худ ба ҳалокат расондам.
9
Акнун онҳо зиноҳои худ ва лошаҳои подшоҳони худро аз Ман дур хоҳанд кард, ва Ман дар миёни онҳо то абад сокин хоҳам шуд.
10
Ту, эй писари одам, хонадони Исроилро дар бораи ин маъбад огоҳӣ бидеҳ, то ки аз гуноҳҳои худ шарм намоянд ва тарҳи онро андоза кунанд.
11
Ва агар онҳо аз ҳар коре ин кардаанд, шарм намоянд, сурати маъбад ва тарҳи онро, ва баромадгоҳҳояш ва даромадгоҳҳояш ва ҳамаи тасвирҳояш, ва тамоми фароизаш ва ҳамаи тасвирҳояш ва ҳамаи қонунҳояшро ба онҳо баён намо ва пеши назари онҳо бинавис, то ки тамоми сурати он ва тамоми фароизи онро риоя намоянд, ва бар тибқи онҳо амал кунанд.
12
Ин аст қонуни маъбад: бар сари кӯҳ тамоми ҳудуди он гирдогирд қудси қудсҳо мебошад; ана ҳамин аст қонуни маъбад».
13
Ва инҳост андозаҳои қурбонгоҳ ба ҳисоби зироъҳо, ки он ҳам ҳар зироъ аз як зироъ ва як қабза иборат аст: доманаш — як зироъ, ва фарохияш — як зироъ, ва ҳошияи гирдогирди лабаш — як ваҷаб, — ва ин пояи қурбонгоҳ аст;
14
Ва аз домане ки бар рӯи замин аст, то барҷастагии поён — ду зироъ, ва фарохияш — як зироъ; ва аз ин барҷастагии хурд то барҷастагии калон — чор зироъ, ва фарохияш — як зироъ;
15
Ва оташдонаш — чор зироъ, ва аз оташдон ба сӯи боло — чор шох.
16
Ва оташдон дувоздаҳ зироъ дарозӣ ва дувоздаҳ зироъ фарохӣ дошт; аз ҳар чор тарафаш мураббаъ буд.
17
Ва барҷастагӣ чордаҳ зироъ дарозӣ ва чордаҳ зироъ фарохӣ аз ҳар чор тарафаш дошт; ва ҳошияи гирди он ним зироъ, ва домани он гирдогирд як зироъ, ва зинаҳои он рӯ ба ҷониби шарқ буд.
18
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Худованд Худо чунин мегӯяд: ин аст фароизи қурбонгоҳ дар рӯзе ки сохтани он ба анҷом расад, то ки қурбонии сӯхтанӣ бар он биёранд ва хун бар он бипошанд.
19
Ва ба коҳинони левизодае ки аз насли Содӯқ буда, ба Ман наздик меоянд, то ба Ман хизмат кунанд, мегӯяд Худованд Худо, гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ бидеҳ.
20
Ва аз хунаш гирифта, бар чор шохи он, ва бар чор гӯшаи барҷастагӣ, ва бар ҳошияи гирди он бипош; ва онро аз гуноҳ пок намо, ва онро кафорат бикун.
21
Ва он гӯсоларо барои қурбонии гуноҳ бигир, ва онро дар макони муайяни маъбад, берун аз қудс бисӯзон.
22
Ва дар рӯзи дуюм нарбузи беайберо барои қурбонии гуноҳ забҳ намо; ва бигзор қурбонгоҳро аз гуноҳ пок кунанд, чунон ки бо гӯсола пок карданд.
23
Ва ҳангоме ки сӯзонидани қурбониҳои гуноҳро ба анҷом расонӣ, гӯсолаи нари беайбе, ва қӯчқори беайбе аз миёни рама қурбонӣ намо.
24
Ва онҳоро ба ҳузури Худованд қурбонӣ намо: ва бигзор коҳинон бар онҳо намак пошанд, ва онҳоро қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд бароранд.
25
Ҳафт рӯз бузи нареро чун қурбонии гуноҳ барои ҳар рӯз забҳ намо; ва бигзор гӯсолаи наре ва қӯчқореро аз рама, ки ҳар дуяш беайб бошад, қурбонӣ кунанд.
26
Бигзор ҳафт рӯз қурбонгоҳро кафорат кунанд, ва онро пок созанд, ва онро тақдис намоянд.
27
Ва ҳангоме ки ин рӯзҳо ба итмом расад, дар рӯзи ҳаштум ва баъд аз он коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатии шуморо бар қурбонгоҳ бароранд ва Ман ба шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо».
← Chapter 42
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 44 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48