bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 3
Ezekiel 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 4 →
1
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Он чиро, ки меёбӣ, бихӯр; ин тӯморро бихӯр, ва рафта, ба хонадони Исроил бигӯй».
2
Ва ман даҳони худро кушодам, ва он тӯморро Ӯ ба ман хӯронид.
3
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Шиками худро бихӯрон ва амъои худро аз ин тӯморе ки Ман ба ту медиҳам, пур кун». Ва ман хӯрдам, ва дар даҳонам мисли асал ширин буд.
4
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бархоста, назди хонадони Исроил бирав ва суханони Маро ба онҳо баён намо;
5
Зеро назди қавме ки нутқаш муғлақ ва забонаш душворфаҳм бошад, фиристода намешавӣ, балки назди хонадони Исроил;
6
На назди қавмҳои бисьёри нутқашон муғлақ ва забонашон душворфаҳм, ки суханонашонро наметавонӣ бифаҳмӣ; агар ҳатто назди онҳо туро мефиристодам, онҳо ба ту гӯш меандохтанд;
7
Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.
8
Инак Ман рӯи туро ба муқобили рӯи онҳо сахт, ва пешонии туро ба муқобили пешонии онҳо сахт гардонидаам.
9
Пешонии туро мисли алмосе ки аз санги хоро сахттар аст, гардонидаам; аз онҳо натарс ва аз рӯйҳошон ҳаросон нашав, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд».
10
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ҳамаи суханони Маро, ки ба ту мегӯям, дар дили худ ҷой деҳ ва бо гӯшҳои худ бишнав,
11
Ва бархоста, назди ҷалои ватан шудагон, назди писарони қавми худ бирав, ва ба онҳо сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд“! — хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд».
12
Ва маро Рӯҳи Худо боло бардошт, ва аз ақиби худ садои ғулғулаи азиме шунидам: «Муборак аст ҷалоли Худованд аз макони Ӯ!»
13
Ва садои болҳои ҳайвонҳоро, ки ба ҳамдигар бармехӯрд, ва садои чархҳоро, ки назди онҳо буд, ва садои ғулғулаи азиме.
14
Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.
15
Ва назди ҷалои ватан шудагони Тал‐Абиб, ки дар соҳили наҳри Кабар сокин буданд, ва ба ҷойҳое ки онҳо менишастанд, омадам; ва он ҷо дар миёни онҳо ҳафт рӯз нишастам, дар ҳолате ки моту мабҳут будам.
16
Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаштани ҳафт рӯз каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
17
«Эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исроил дидбон таъин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд.
18
Ҳангоме ки Ман ба шарире бигӯям: „Албатта хоҳӣ мурд!“ — вале ту ӯро огоҳ накунӣ, ва сухане нагӯӣ барои он ки шарирро аз роҳи шариронаи ӯ огоҳ намоӣ, то ки ӯ зинда монад, он шарир дар гуноҳи худ хоҳад мурд, аммо хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.
19
Валекин агар ту шариреро огоҳ намоӣ, ва ӯ аз шарорати худ ва аз роҳи шариронаи худ тавба накунад, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ.
20
Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофона амал намояд, ва Ман санги пешпое пеши ӯ бигузорам, то ки ӯ бимирад, — азбаски ту ӯро огоҳ нанамудаӣ, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд, валекин хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.
21
Ва ту агар одилеро огоҳ намоӣ, то ки он одил гуноҳ накунад, ва ӯ гуноҳ накарда бошад, ӯ албатта зинда хоҳад монд, чунки огоҳиро қабул кардааст, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ».
22
Ва дар он ҷо дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва Ӯ ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи даштрӯя бирав, ва дар он ҷо Ман бо ту сухан хоҳам ронд».
23
Ва ман бархоста, сӯи даштрӯя равона шудам, ва инак дар он ҷо ҷалоли Худованд, мисли ҷалоле ки назди наҳри Кабар дида будам, истодааст, ва ман бар рӯи худ афтодам.
24
Ва Рӯҳи Худо дар ман дохил шуда, маро ба поҳоям бархезонид, ва бо ман сухан ронда, ба ман гуфт: «Рафта, худро андаруни хонаи худ бибанд.
25
Ва ту, эй писари одам, — инак танобҳо бар ту ниҳода, туро бо онҳо бандубаст хоҳанд кард, ва ту ба миёни онҳо нахоҳӣ рафт.
26
Ва Ман забони туро ба комат хоҳам часпонид, ва ту лол гардида, барои онҳо носеҳ нахоҳӣ буд, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.
27
Ва ҳангоме ки бо ту сухан ронам, даҳони туро воз хоҳам кард, ва ту ба онҳо хоҳӣ гуфт: „Худованд Худо чунин мегӯяд!“ Ҳар кӣ шунидан хоҳад — бишнавад, ва ҳар кӣ рӯй тофтан хоҳад — рӯй тобад, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48