bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 46
Ezekiel 46
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 45
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 47 →
1
Худованд Худо чунин мегӯяд: дарвозаи саҳни дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, бояд дар шаш рӯзи кор баста бошад, ва дар рӯзи шанбе кушода шавад, ва дар рӯзи навмоҳ кушода шавад.
2
Ва раис бо роҳи равоқи дарвоза аз саҳни берунӣ дохил шуда, назди паҳлудариҳои ин дарвоза меистад, ва коҳинон қурбонии сӯхтании ӯ ва қурбониҳои саломатии ӯро забҳ менамоянд, ва ӯ бар остонаи дарвоза саҷда карда, берун меояд; ва дарвоза то шомгоҳ баста намешавад.
3
Ва қавми замин дар шанбеҳо ва навмоҳҳо дар даҳани он дарвоза ба ҳузури Худованд саҷда хоҳанд кард.
4
Ва қурбонии сӯхтание ки раис барои Худованд дар рӯзи шанбе меоварад, шаш гӯсфанди беайб ва як қӯчқори беайб хоҳад буд;
5
Ва ҳадияи ордӣ як эфа бо қӯчқор бояд биёрад; ва ҳадияи ордӣ бо гӯсфандон ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.
6
Ва дар рӯзи навмоҳ гӯсолаи нари беайб, ва шаш гӯсфанд ва як қӯчқор, ки беайб бошанд, бояд қурбонӣ кунад.
7
Ва ҳадияи ордӣ як эфа бо наргов, ва як эфа бо қӯчқор бояд биёрад, ва бо гӯсфандон — ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.
8
Ва ҳангоме ки раис меояд, бо роҳи равоқи дарвоза бояд дохил шавад, ва бо ҳамон роҳ берун равад.
9
Ва ҳангоме ки қавми замин дар мавсимҳо ба ҳузури Худованд меоянд, ҳар кӣ аз дарвозаи шимолӣ барои ибодат дохил шуда бошад, бояд аз дарвозаи ҷанубӣ берун равад, ва ҳар кӣ аз дарвозаи ҷанубӣ дохил шуда бошад, бояд аз дарвозаи шимолӣ берун равад; набояд аз дарвозае ки дохил шудааст, баргардад, балки аз дарвозаи рӯ ба рӯи он бояд берун равад.
10
Ва раис андаруни онҳо бояд бошад: ҳангоме ки онҳо дохил мешаванд, ӯ низ дохил шавад, ва ҳангоме ки онҳо берун мераванд, ӯ низ берун равад.
11
Ва дар идҳо ва мавсимҳо ҳадияи ордӣ як эфа бо наргов ва як эфа бо кӯчқор бояд биёрад, ва бо гӯсфандон ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.
12
Ва ҳангоме ки раис қурбонии ихтиёрӣ мекунад, яъне барои Худованд ба таври ихтиёрӣ қурбонии сӯхтанӣ ё қурбониҳои саломатӣ меоварад, бигзор дарвозаеро, ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, барои ӯ кушоянд, ва ӯ қурбонии сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро забҳ намояд, чунон ки дар рӯзи шанбе забҳ менамояд; ва ӯ берун равад, ва баъд аз рафтанаш дарвозаро бибанданд.
13
Ва барраи яксолаи беайберо ҳар рӯз барои Худованд ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёр; ҳар субҳ онро қурбонӣ намо.
14
Ва ба замми он ҳар субҳ ҳадияи ордӣ ба андозаи шашьяки эфа, ва равған ба андозаи сеяки ҳин биёр, то ки орд дар он омехта шавад; ин ҳадияи ордӣ барои Худованд бар тибқи фароизи абадӣ ба таври доимӣ хоҳад буд.
15
Бигзор барра ва ҳадияи ордӣ ва равғанро ҳар субҳ ҳамчун қурбонии сӯхтании доимӣ биёранд.
16
Худованд Худо чунин мегӯяд: агар раис ба яке аз писарони худ бахшише диҳад, ин мероси вай ҳисоб ёфта, аз они писаронаш хоҳад шуд: ин мулки ирсии онҳо хоҳад буд.
17
Вале агар аз мулки ирсии худ ба яке аз ғуломонаш бахшише диҳад, то соли озодӣ аз они вай хоҳад буд, ва ба раис хоҳад баргашт; аммо мулки ирсие ки ӯ ба писаронаш дода бошад, аз они онҳо хоҳад буд.
18
Валекин раис ҳақ надорад аз насибаи қавм гирифта, онҳоро аз мулкашон маҳрум созад, балки фақат аз мулки худаш метавонад ба писаронаш мерос диҳад, то ки ҳеҷ кас аз қавми Ман аз мулки худ ронда нашавад“».
19
Ва маро аз даромадгоҳе ки дар паҳлуи дарвоза буд, ба утоқҳои муқаддаси коҳинон, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ва инак, дар он ҷо ба ҳар ду канор ба самти ғарбӣ маконе буд.
20
Ва ба ман гуфт: «Ин маконест, ки коҳинон дар он ҷо қурбонии ҷурм ва қурбонии гуноҳро меҷӯшонанд, ва ҳадияи ордиро мепазанд, бе он ки онро ба саҳни берунӣ бароварда, қавмро тақдис намоянд».
21
Ва маро ба саҳни берунӣ баровард, ва маро аз чор гӯшаи саҳн гузаронд; ва инак, саҳне дар гӯшаи саҳн, саҳне дар гӯшаи саҳн буд.
22
Дар ҳар чор гӯшаи саҳн саҳнҳои болокушодае буданд, ки чил зироъ дарозӣ ва сӣ зироъ фарохӣ доштанд; ҳар чор саҳни гӯшаро андозаи баробар буд.
23
Ва дар гирди онҳо, дар гирди ҳар чорашон қаторҳои санг буд; ва дар зери он қаторҳо гирдогирд оташдонҳо сохта шуда буд.
24
Ва ба ман гуфт: «Инҳо хонаи пухтупаз аст, ки хизматгузорони маъбад дар он ҷо қурбониҳои қавмро мепазанд».
← Chapter 45
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 47 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48