bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 23
Ezekiel 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 24 →
1
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2
«Эй писари одам! Ду зан духтарони як модар буданд.
3
Ва онҳо дар Миср зинокор шуда, дар ҷавонии худ зино карданд; дар он ҷо синаҳои онҳоро молиш доданд, ва дар он ҷо пистонҳои бакорати онҳоро фишурданд.
4
Ва номҳои онҳо: калонӣ Оҳола ва хоҳараш Оҳолиба буд; ва онҳо занони Ман буда, писарон ва духтарон зоиданд; ва номҳои онҳо: Оҳола — Сомария, ва Оҳолиба — Ерусалим буд.
5
Ва Оҳола зино кард, дар сурате ки ҳанӯз аз они Ман буд; ва ба хушдорони худ, ба сипоҳиёни Ашшур дил дод, —
6
Ба онҳое ки либоси лоҷвард мепӯшиданд; ба волиён ва сардорон, ки саросар ҷавонони дилпазир, форисони аспсавор буданд;
7
Ва бо онҳо, ки саросар баргузидагони банӣ‐Ашшур буданд, ба зинокории худ дода шуд, ва бо ҳамаи бутҳои касоне ки ба онҳо дил дода буд, худро палид сохт.
8
Вале аз зинокории худ, ки бо мисриён дошт, даст накашид, зеро ки онҳо бо ӯ дар айёми ҷавонии ӯ хуфтухоб доштанд, ва пистонҳои бакораташро мефишурданд, ва шаҳавоти худро бар ӯ фурӯ мерехтанд.
9
Бинобар ин Ман ӯро ба дасти хушдоронаш, яъне ба дасти банӣ‐Ашшур, ки ба онҳо дил дода буд, супурдам.
10
Онҳо аврати ӯро кушоданд, писарон ва духтаронашро гирифтанд, ва ӯро бо шамшер куштанд, ва номаш барои занон ибрат шуд, ва ӯро ба ҷазо мустаҳиқ карданд.
11
Ва хоҳараш Оҳолиба инро дид, ва дар шаҳватпарастии худ аз вай бештар фосид шуд, ва аз зинокории хоҳараш зиёдтар зино кард.
12
Ба банӣ‐Ашшур дил дод, — ба волиён ва сардорони сипоҳиён, ки либоси зебо мепӯшиданд, форисони аспсавор ва саросар ҷавонони дилпазир буданд.
13
Ва дидам, ки ӯ палид гардид: роҳи ҳар дуяшон як буд.
14
Вале ӯ зинокории худро боз ҳам зиёд кард; ва мардони бар девор ҳак кардашударо, яъне суратҳои калдониёнро, ки бо ранги ҷӯша кашида шуда буд, дид,
15
Ки камарбандҳо бар камарашон ва аммомаҳои дарознӯг бар сарашон буд, ва ҳамаашон намуди саркардагонро доштанд, — суратҳои банӣ‐Бобил, ки замини калдониён зодгоҳашон буд.
16
Ва ҳамин ки чашмаш ба онҳо афтод, дил дод, ва назди онҳо ба замини калдониён қосидонашро фиристод.
17
Ва банӣ‐Бобил назди ӯ ба ҷогаҳи ишқбозӣ дохил шуда, бо зинокории худ ӯро палид сохтанд; ва чун аз онҳо палид шуд, ҷони ӯ аз онҳо нафрат пайдо кард.
18
Ва азбаски ошкоро ба зинокорӣ дода шуд, ва аврати худро кушод, ҷони Ман аз ӯ нафрат пайдо кард, чунон ки ҷони Ман аз хоҳараш нафрат пайдо карда буд.
19
Ва ӯ зинокории худро афзун кард, дар холате ки айёми ҷавонии худро ба ёд меовард, ки он вақт дар замини Миср ба зино дода шуда буд.
20
Ва ҳамчун сурриягон ба онҳо дил дод, ки узви онҳо мисли узви харои ва нутфарезии онҳо мисли нутфарезии аспон буд.
21
Ва ту фисқу фуҷури айёми ҷавонии худро аз нав оғоз намудӣ, ки он вақт мисриён пистонҳои туро ба хотири синаҳои ҷавонии ту мефишурданд».
22
Бинобар ин, эй Оҳолиба, Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак Ман хушдоронатро, ки ҷонат аз онҳо нафрат пайдо кардааст, ба зидди ту барангехта, онҳоро аз ҳар тараф бар ту хоҳам овард,
23
Яъне банӣ‐Бобил ва ҳамаи калдониёнро аз қабилаҳои фақуд ва шуа ва куа, ва тамоми банӣ‐Ашшурро ҳамроҳи онҳо, ки ҳамаашон ҷавонони дилпазир, волиён ва сардорон мебошанд, саросар саркардагон ва номдорони аспсаворанд.
24
Ва бо аслиҳа ва аспон ва аробаҳо ва анбӯҳи қавмҳо, бо ҷавшанҳо, сипарҳо ва хӯдҳо бар ту омада, туро иҳота хоҳанд кард, ва Ман туро ба доварии онҳо хоҳам супурд, ва онҳо туро мувофиқи аҳкоми худ доварӣ хоҳанд намуд.
25
Ва Ман рашки Худро ба зидди ту хоҳам нигаронид, ва ба ту бо ғазаб амал хоҳанд кард: бинӣ ва гӯшҳоятро хоҳанд бурид, ва бақияи ту аз шамшер хоҳад афтод; онҳо писарон ва духтарони туро хоҳанд гирифт, ва бақияи ту ба оташ хоҳад сӯхт.
26
Ва либосҳои туро хоҳанд кашид, ва колои зебу зинати туро хоҳанд гирифт.
27
Ва фисқу фуҷури ту ва зинокории туро, ки аз замини Миср овардаӣ, аз ту нест хоҳам кард; ва чашмони худро сӯи онҳо баланд нахоҳӣ кард, ва Мисрро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.
28
Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман туро ба дасти онҳое ки бад мебинӣ, ба дасти касоне ки ҷонат аз онҳо нафрат пайдо кардааст, хоҳам супурд.
29
Ва онҳо ба ту бо адоват амал намуда, тамоми молу мулки туро хоҳанд гирифт, ва туро дар ҳолати бараҳна ва урьён тарк хоҳанд кард, ва аврати пурзинои ту ва фисқу фуҷури ту ва зинокории ту кушода хоҳад шуд.
30
Ин амалҳо ба ту карда хоҳад шуд барои он ки ту бо халқҳо зино намуда, худро бо бутҳои онҳо палид сохтаӣ.
31
Ту бо роҳи хоҳари худ рафтаӣ, ва Ман косаи ӯро ба дасти ту хоҳам дод.
32
Худованд Худо чунин мегӯяд: Ту косаи амиқу васеи хоҳари худро хоҳӣ нӯшид, ва мавриди истеҳзо ва тамасхур хоҳӣ гардид, чунки гунҷоиши он бузург аст.
33
Аз мастӣ ва андӯҳ пур хоҳӣ шуд: косаи даҳшат ва харобист, косаи хоҳарат Сомария!
34
Ва онро нӯшида, то охир холӣ хоҳӣ кард, ва шикастапораҳои онро хоҳӣ лесид, ва синаҳои худро чок хоҳӣ кард, зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо.
35
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту Маро фаромӯш кардӣ, ва пушти худро ба тарафи Ман гардондӣ, пас ту низ подоши фисқу фуҷур ва зинокории худро бардор!»
36
Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё мехоҳӣ бар Оҳола ва Оҳолиба доварӣ намоӣ? Пас, аъмоли зишташонро ба онҳо баён намо.
37
Зеро ки онҳо зино карданд, ва дастҳошон хунолуд аст, ва бо бутҳои худ зино карданд, ва писарони худро низ, ки барои Ман зоида буданд, ба сифати хӯроки бутҳо аз оташ гузарониданд.
38
Боз ин корҳоро дар ҳаққи Ман карданд: дар ҳамон рӯз хонаи муқаддаси Маро палид сохтанд, ва шанбеҳои Маро поймол карданд.
39
Ва ҳангоме ки писарони худро барои бутҳои худ забҳ карданд, дар ҳамон рӯз ба хонаи муқаддаси Ман омаданд, то ки онро палид созанд; ва инак андаруни хонаи Ман онҳо чунин амал карданд!
40
Ва ҳатто назди одамоне ки аз дур омада буданд, кас мефиристоданд; назди онҳо қосиде фиристода шуд, ва инак онҳо омаданд, ва ту худро барояшон шустушӯй менамудӣ, сурма ба чашмонат мекашидӣ, ва худро бо колои зебу зинат оро медодӣ,
41
Ва бар ҷогаҳи боҳамашате менишастӣ, ки суфрае назди он ороста буд, ва бухур ва равғани Маро бар он мегузоштӣ.
42
Ва садои хуше назди он танинандоз буд, ва илова бар одамоне ки аз аҳолии мавзеъҳои гуногун буданд, сабоиён аз биёбон оварда мешуданд, ва дастпонаҳо бар дастҳошон ва тоҷҳои зебо бар сарҳошон мегузоштанд.
43
Ва Ман гуфтам: оё ин зани фарсуда боз бо зинокорӣ машғул хоҳад шуд? Оё хушдоронаш алҳол бо ӯ зино хоҳанд кард? Вале ӯ зинокории худро давом медод.
44
Ва назди ӯ меомаданд; чунон ки назди зани фоҳиша меоянд, ончунон назди ин занони пурфисқу фуҷур, яъне назди Оҳола ва Оҳолиба меомаданд.
45
Ва мардони одил бар онҳо доварӣ хоҳанд кард, чунон ки бар занони зинокор ва хунрез доварӣ мекунанд, зеро ки онҳо зинокоранд, ва дастҳошон хунолуд аст.
46
Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: ҷамоатро ба зидди онҳо барангез, ва онҳоро ба даҳшат ва тороҷ бисупор.
47
Ва ҷамоат онҳоро сангборон хоҳанд кард, ва бо шамшерҳои худ онҳоро пора‐пора хоҳанд намуд, ва писарону духтарони онҳоро хоҳанд кушт, ва хонаҳои онҳоро ба оташ хоҳанд сӯзонид.
48
Ва Ман фисқу фуҷурро аз ин замин барҳам хоҳам дод, ва ҳамаи занон дарси ибрат хоҳанд гирифт, ва мисли шумо ба фисқу фуҷур машғул нахоҳанд шуд.
49
Ва сазои фисқу фуҷури шуморо бар шумо бор хоҳанд кард, ва шумо барои гуноҳҳои бутпарастии худ ҷазо хоҳед кашид, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам».
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48