bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 24
Ezekiel 24
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 25 →
1
Ва дар соли нӯҳум, дар рӯзи даҳуми моҳи даҳум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2
«Эй писари одам! Номи имрӯзро барои худ бинавис, номи ҳамин рӯзро: маҳз дар ҳамин рӯз подшоҳи Бобил Ерусалимро муҳосира кардааст.
3
Барои хонадони исьёнгар масале бизан, ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: деге бимон, онро бимон ва об низ дар он бирез.
4
Порчаҳои онро, яъне ҳамаи порчаҳои хуби рон ва китфро дар он ҷамъ намо, бо устухонҳои беҳтарин онро пур кун.
5
Гӯсфандони беҳтаринро бигир, ва устухонҳоро низ дар таги он даргирон; онро тавре биҷӯшон, ки устухонҳояш низ андаруни он бипазад.
6
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли шаҳри хунрез! Вой бар ҳоли деге ки занги он андаруни он мебошад, ва занги он аз даруни он набаромадааст! Порчаҳояшро паи ҳам берун овар, бе он ки бар онҳо қуръа партоӣ.
7
Зеро ки хуни вай андаруни вай буд: онро вай бар сахраи суфтае бимонд, онро бар замин нарехт, то ки бо хок пӯшонида шавад.
8
Барои он ки ғазабамро барафрӯхта, интиқом гирам, Ман хуни варо бар сахраи суфта монондам, то ки пӯшонида нашавад.
9
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли шаҳри хунрез! Ман низ гулханро бузург хоҳам кард.
10
Ҳезуми зиёде оварда ва оташ даргиронида, гӯштро ҳил‐ҳил хоҳам пазонид, ва ин гӯштобро сахт ҷӯшонида, хоҳам сӯзонид, ба тавре ки устухонҳо низ сӯхта тамом шавад.
11
Ва онро бар ахгарҳояш холӣ хоҳам гузошт, то ки тафсида, миси он бисӯзад, ва палидии он андаруни он гудохта шавад, ва занги он нест гардад.
12
Зӯрзаниҳоро рад кард, ва занги бисьёраш аз он берун наомад, пас занги он дар оташ нест хоҳад шуд.
13
Дар фисқу фуҷур ту он қадар палид гаштӣ, ки ҳарчанд Ман туро тоза кардам, аз палидии худ тоза нашудӣ; то хашми Худро Ман бар ту ба итмом нарасонам, ту дигар тоза нахоҳӣ шуд.
14
Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам: ин фаро хоҳад расид, ва Ман инро ба амал хоҳам овард; ботил нахоҳам кард, ва риққат нахоҳам овард, ва пушаймон нахоҳам шуд; бар тибқи рафторат ва бар тибқи аъмолат бар ту доварӣ хоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо“».
15
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
16
«Эй писари одам! Инак Ман ҳаловати чашмонатро бо вабое аз ту хоҳам гирифт, вале ту навҳа ва гирья накун, ва ашки ту бигзор ҷорӣ нашавад;
17
Хомӯшона оҳ каш, барои мурдагон мотам нагир: аммомаи худро бар сарат бипечон, пойафзоли худро ба пойҳоят бипӯш, ва ришу мӯйлабатро напӯшон, ва нони азодоронро нахӯр».
18
Ва бомдодон ман бо қавм сухан рондам, дар сурате ки занам шомгоҳ вафот карда буд; ва бомдодон он чиро, ки ба ман амр фармуда шуд, ба ҷо овардам.
19
Ва қавм ба ман гуфтанд: «Шояд ба мо бигӯӣ, ки он чи ту мекунӣ, барои мо чӣ маънӣ дорад?»
20
Ва ман ба онҳо гуфтам: «Каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
21
„Ба хонадони Исроил бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман хонаи муқаддаси Худро, ки ҷалоли қуввати шумо, ҳаловати чашмони шумо ва марҳами ҷони шумост, ба хорӣ таслим хоҳам намуд, ва писарону духтарони шумо, ки онҳоро дар Яҳудо тарк кардаед, аз шамшер хоҳанд афтод.
22
Ва шумо ончунон ки ман амал намудаам, амал хоҳед намуд: ришу мӯйлаби худро нахоҳед пӯшонид, ва нони азодоронро нахоҳед хӯрд;
23
Ва аммомаи шумо бар саратон, ва пойафзоли шумо бар пойҳотон хоҳад буд, ва шумо навҳа ва гирья нахоҳед кард, балки ба сабаби гуноҳҳои худ обу адо гардида, пеши якдигар оҳ хоҳед кашид.
24
Ва Ҳизқиёл барои шумо аломате хоҳад буд: ҳар коре ки ӯ кардааст, шумо низ хоҳед кард; ҳангоме ки ин фаро расад, хоҳед донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам“».
25
«Ва ту, эй писари одам! Охир, дар он рӯзе ки Ман аз онҳо истеҳкомашон, шодии шавкаташон, ҳаловати чашмонашон ва марҳами ҷонашон, яъне писарону духтаронашонро бигирам,
26
Дар он рӯз растагоре назди ту хоҳад омад, то хабаре ба гӯшат бирасонад;
27
Дар он рӯз ба ҳузури он растагор даҳонат воз хоҳад шуд, ва ту сухан хоҳӣ ронд, ва дигар лол нахоҳӣ шуд; ва барои онҳо аломате хоҳӣ буд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 25 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48