bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ezekiel 36
Ezekiel 36
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 37 →
1
«Ва ту, эй писари одам, дар бораи кӯҳҳои Исроил нубуваат намо ва бигӯй: эй кӯҳҳои Исроил! Каломи Худовандро бишнавед.
2
Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски душман дар ҳаққи шумо мегӯяд: „Ҳай‐ҳай! Баландиҳои қадимӣ ҳам мероси мо шудааст“,
3
Бинобар ин нубувват намо ва бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски шуморо валангор кардаанд ва аз ҳар ҷониб мехоҳанд фурӯ баранд, то ки мероси бақияи халқҳо шуда, вирди забон ва мавриди бӯҳтони мардум гардед,
4
Бинобар ин, эй кӯҳҳои Исроил, каломи Худованд Худоро бишнавед: Худованд Худо ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо, ба вайронаҳои хало ва шаҳрҳои матрук, ки гирифтори тороҷ ва мавриди тамасхури бақияи халқҳои гирду атроф гардидаанд, чунин мегӯяд, —
5
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман бо оташи рашки Худ дар ҳаққи бақияи халқҳо ва дар ҳаққи тамоми Адӯм сухан рондаам, ки онҳо замини Маро бо шодии ҳар дил ва бо нафрати амиқ мероси худ гардонидаанд, то ки чарогоҳҳои онро ба тороҷ диҳанд.
6
Бинобар ин дар бораи замини Исроил нубувват намо, ва ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман дар рашк ва хашми Худ сухан рондаам, чунки шумо бори нанги халқҳоро бардоштаед.
7
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бардоштаам, ки халқҳое ки дар гирду атрофи шумо ҳастанд, худашон бори нанги худро хоҳанд бардошт.
8
Ва шумо, эй кӯҳҳои Исроил, шохаҳои худро хоҳед рӯёнид ва меваҳои худро барои қавми Ман — Исроил — хоҳед овард, зеро ки онҳо ба қарибӣ хоҳанд омад.
9
Зеро инак Ман сӯи шумо назар дӯхтаам, ва ба шумо рӯ меоварам, ва шумо шудгор ва кишт карда хоҳед шуд.
10
Ва Ман бар шумо мардуми бисьёрро, — тамоми хонадони Исроилро саросар, — сокин хоҳам кард, ва шаҳрҳо маскун, ва харобаҳо обод хоҳад шуд.
11
Ва бар шумо одамон ва ҳайвонотро афзун хоҳам намуд, ва онҳо афзун ва боровар хоҳанд шуд; ва шуморо мисли айёми пештараатон маскун хоҳам кард, ва бар шумо бештар аз замони аввалаи шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.
12
Ва одамонро, яъне қавми Худ — Исроилро, сӯи шумо равона хоҳам кард, ва онҳо туро тасарруф хоҳанд намуд, ва ту мероси онҳо хоҳӣ шуд, ва дигар ин фарзандони худро талаф нахоҳӣ кард.
13
Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ба шумо мегӯянд: „Ту мардумхӯр ҳастӣ ва халқҳои худро талаф мекардӣ“,
14
Бинобар ин минбаъд мардумхӯр нахоҳӣ буд, ва халқҳоятро дигар талаф нахоҳӣ кард, мегӯяд Худованд Худо.
15
Ва Ман дигар таҳқири халқҳоро ба ту нахоҳам шунавонид, ва бори нанги халқҳоро ту дигар нахоҳӣ бардошт, ва халқҳоятро дигар талаф нахоҳӣ кард, мегӯяд Худованд Худо».
16
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
17
«Эй писари одам! Ҳангоме ки хонадони Исроил бар замини худ сокин буданд, онро бо рафтор ва кирдори худ палид сохтанд; рафтори онҳо дар назари Ман мисли палидии ҳайз буд.
18
Ва Ман аз боиси хуне ки онҳо бар замин рехтанд, ва онро бо бутҳои худ палид сохтанд, хашми Худро бар онҳо фурӯ рехтам.
19
Ва онҳоро дар миёни халқҳо пароканда кардам, ва онҳо дар кишварҳо парешон шуданд; бар тибқи рафтор ва кирдорашон Ман бар онҳо доварӣ намудам.
20
Ва ҳангоме ки онҳо назди халқҳое расиданд, ки ба он ҷо рафта буданд, исми муқаддаси Маро беҳурмат карданд, чунки дар ҳаққи онҳо мегуфтанд: „Инҳо қавми Худованд ҳастанд ва аз замини Ӯ берун омадаанд“.
21
Ва Ман ба исми муқаддаси Худ афсӯс хӯрдам, ки онро хонадони Исроил дар миёни халқҳое ки наздашон омада буданд, беҳурмат карданд.
22
Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: на ба хотири шумо, эй хонадони Исроил, инро ба амал меоварам, балки ба хотири исми муқаддаси Худ, ки онро дар миёни халқҳое ки наздашон омада будед, беҳурмат кардед.
23
Ва Ман исми бузурги дар миёни халқҳо беҳурматшудаи Худро, ки шумо онро андаруни онҳо беҳурмат кардед, тақдис хоҳам намуд, ва ҳангоме ки дар пеши назари халқҳо ба воситаи шумо тақдис ёбам, онҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.
24
Ва шуморо аз миёни халқҳо хоҳам гирифт, ва шуморо аз ҳамаи кишварҳо ҷамъ хоҳам кард, ва шуморо ба замини шумо хоҳам овард.
25
Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.
26
Ва дили тоза ба шумо хоҳам дод, ва рӯҳи тоза андаруни шумо хоҳам ниҳод; ва дили сангинро аз ҷисми шумо дур хоҳам кард, ва дили гӯштин ба шумо хоҳам бахшид.
27
Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниход, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.
28
Ва дар замине ки ба падарони шумо додаам, сукунат хоҳед дошт, ва қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд.
29
Ва шуморо аз ҳамаи палидиҳои шумо наҷот хоҳам дод; ва ғалладонаро хонда, онро фаровон хоҳам гардонид, ва шуморо ба қаҳтӣ гирифтор нахоҳам кард.
30
Ва меваи дарахтон ва ҳосили саҳроро афзун хоҳам кард, то ки дигар дар миёни халқҳо бори нанги қаҳтиро набардоред.
31
Ва ҳангоме ки рафтори бади худ ва кирдори зишти худро ба ёд оваред, барои гуноҳҳо ва каҷкориҳои худ аз худатон нафрат пайдо хоҳед кард.
32
Бидонед, ки Ман инро на ба хотири шумо ба амал меоварам, мегӯяд Худованд Худо; аз рафтори худ шарм кунед ва хиҷил шавед, эй хонадони Исроил!
33
Худованд Худо чунин мегӯяд: дар рӯзе ки шуморо аз ҳамаи гуноҳҳотон пок намоям, Ман шаҳрҳоро маскун хоҳам гардонид, ва харобаҳо обод хоҳад шуд;
34
Ва замини харобае ки дар назари ҳар раҳгузар вайронаю валангор буд, кор карда хоҳад шуд;
35
Ва хоҳанд гуфт: «Ин замине ки хароба буд, мисли боғи Адан шудааст, ва ин шаҳрҳое ки хароба ва вайронаю валангор буд, ҳисордор ва маскун гардидааст».
36
Ва халқҳое ки дар гирду пеши шумо боқӣ мондаанд, хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, вайронаҳоро бино кардаам, ва харобазорро дарахт шинонидаам; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал овардам.
37
Худованд Худо чунин мегӯяд: боз инро хонадони Исроил аз Ман дархост хоҳанд кард, ки барояшон ба амал оварам: онҳоро мисли рамаи одамон афзун хоҳам кард, —
38
Мисли рамаи қурбонӣ, мисли рамаи Ерусалим дар рӯзҳои иди он; ҳамчунин шаҳрҳои хароба аз рамаи одамон пур хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».
← Chapter 35
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 37 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48