bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 1
1 Corinthians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
1
Павлус, ки бо хости Худо расули даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародар Сӯстинис,
2
ба ҷамоати Худо, ки дар Қуринтус аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Масеҳ Исо муқаддас гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо номи Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост,
3
файз ва осоиш аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
4
Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям, барои файзи Худо, ки ба шумо дар Масеҳ Исо ато шудааст,
5
чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед,
6
зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо устувор гардидааст,
7
ба тавре ки шумо аз ҳеҷ ато норасоӣ надоред, модоме ки мунтазири ошкор шудани Худованди мо Исои Масеҳ мебошед,
8
ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор мекунад, то дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед.
9
Бовафо аст Худое ки шуморо ба мушоракати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст. Ҷудоиҳо ва ҳикмати одамон
10
Аз шумо, эй бародарон, ба номи Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед.
11
Зеро аз аҳли хонаи Хлӯӣ ба ман дар бораи шумо, эй бародаронам, маълум шудааст, ки дар байнатон ҷанҷол ҳаст.
12
Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегӯяд: “Ман аз они Павлус ҳастам”; “Ман аз они Апуллус”; “Ман аз они Кифо”; “Ман аз они Масеҳ”.
13
Оё Масеҳ ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо ба салиб кашида шудааст? Ё ки шумо ба номи Павлус таъмид ёфтаед?
14
Худоро шукр мегӯям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ғайр аз Криспус ва Ғоюс, таъмид надодаам,
15
то касе нагӯяд, ки ман ӯро ба номи худ таъмид додаам.
16
Ман ҳамчунин аҳли хонаи Истефанусро таъмид додаам; ғайр аз инҳо дар ёд надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам.
17
Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати суханварӣ, то салиби Масеҳ бетаъсир нашавад.
18
Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат беақлӣ аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост.
19
Зеро навишта шудааст: “Ҳикмати хирадмандонро ҳеҷ мегардонам Ва фаҳми бофаҳмонро нопадид мекунам”.
20
Куҷост хирадманд? Куҷост китобдон? Куҷост файласуфи ин давра? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба беақлӣ табдил надодааст?
21
Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, Худо чунин писандид, ки ба воситаи беақлии мавъиза имондоронро наҷот диҳад,
22
зеро яҳудиён муъҷизаҳо металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷӯянд;
23
лекин мо Масеҳро, ки ба салиб кашида шудааст, мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён сабаби норозигӣ ва барои юнониён беақлӣ аст.
24
Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост;
25
чунки беақлии Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст.
26
Зеро, эй бародарон, нигаред, ки шумо, ҳангоме ки даъват шудед, чӣ будед: бисёре аз ҷиҳати ҷисм хирадманд нестед, бисёре тавоно нестед, бисёре ашрофзода нестед;
27
лекин Худо нодонони ҷаҳонро интихоб кард, то хирадмандонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро интихоб кард, то тавонгаронро шарманда кунад;
28
ва Худо он чиро, ки барои ҷаҳон паст ва ҳақир ва ҳеҷ аст, интихоб кард, то он чиро, ки ҳаст, ҳеҷ гардонад, —
29
то ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
30
Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне росткорӣ ва муқаддасшавӣ ва раҳоӣ шудааст,
31
то, чунон ки навишта шудааст, “фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад”.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16